ДИЛИ РАВШАН – ЗИНДАГИИ ПОКУ САРБАЛАНДӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ нақши бузург доранд ва ҳамчун ташаббускори масоили глобалӣ марбут ба об шинохта шудаанд. Боз фикри худро тақвият дода мегӯяд ӯ: – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, барои солҳои 2018–2028» боз як иқдоми шоистаи Пешвои муаззам муҳтарам Президентамон дар раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон аст, шинохта шудааст, мукарраму рисолатарзиш аст.

Ба ёд овардани воқеаҳо, суханон ва сифатҳои хубу хотирмони шахсони некрой, соҳибтаҷриба ва накӯниҳодро метавон як рукни мактаби ҳаёту рӯзгор дониста, онро бояд бо ҳисси некномӣ шинохт.

Айнан ҳамин тавр ҳам медонам: тирамоҳи аниқтараш, моҳи октябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳаштодум буд. Бо тақозои супориши хизматии касбӣ ман бо Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон, сардори бригадаи комплексии хоҷагии ба номи Фрунзе (имрӯза Кооперативи истеҳсолии ба номи П.Бобокалонов), деҳқони авлодӣ Шарифбой Ашӯров дар чойхонаи деҳаи Ғозиён суҳбате доштам, ки он айём ӯ аллакай ба нафақаи меҳнатӣ баромада буд. Суҳбату мулоқоти мо асосан дар меҳвари истифодаи пурсамару оқилонаи оби полезӣ, маданияти замину деҳқонӣ, заҳмати кишоварзон бобати афзун гардонидани ҳосили зироатҳо, боздеҳи боғу майдонҳои мевапарварӣ, саҳми кадрҳои маҳаллӣ дар пешбурди соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ташаббусҳои ҳадафманди ин колхози, ба истилоҳи он замон, маъмули «миллионер» қарор гирифта буд.

Дар рафти баҳс пири кормарди чаҳорпаҳлӯи пуртамкин Шарифбой-амак аз хусуси фаъолияти корӣ ва гирифтумони ба худ хоси муовини якуми раиси ҳамин хоҷагӣ Усмонҷон Саидов сухан гуфт. Гуфт, ки Усмонҷон худ деҳқонзода асту парвардаи ҳамин деҳа, ҳамин хоҷагии овозадори серсоҳа, мутахассиси пурдон ва ташкилотчии муваффақ мебошад. Ӯ ба падари деҳқони худ – донандаи хоку обу замини минтақаи «Замини зарсафед»-и колхозамон рафтагӣ, бисёр паҳлуҳои ба даст овардани натиҷаҳои некро медонад. Аз ҳама асосиаш,–изҳор намуд ҳамсуҳбатам пиёлаи аз чой холишударо ба ман дароз карда,–иқтисоддон ки аст, манфиату баракат, ҳисобу китоби иқтисодиро нағз сарфаҳм меравад. Барои некӯаҳволии сокинони деҳа, ҷумла кишоварзони заҳматпеша дар маҷлису машваратҳои раёсати хоҷагӣ масъалагузорӣ менамояду ба натиҷаҳои неки башоратбор муваффақ ҳам мешавад, ки ман борҳо шоҳидаш будам, – гӯён ба суҳбатамон як навъ интиҳо бахшид Шарифбой-амак… Ҳамин тавр, Усмонҷон Саидов бо тақозои вазифа дар якчанд хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи имрӯза Бобоҷон Ғафуров (дар гузашта ноҳияи Хуҷанд) кору меҳнат кард.

Дар ҳама ҷо аз худ нақши созгор, хотираи неку ҳадафбор гузошт. Имрӯз, ки синнаш ба ҳаштод расидааст, роҳи ҳаёти бошууронаи худро дар ҷавҳари ташаббусҳо, иқдомҳо ва ҳадафҳои бунёдии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба об марбут сохтааст. Ӯ пайваста меомӯзад ва бо бардошти донишу маърифати худ таҳлилу тафсир менамояд. Оламиён ташаббусҳои кишвари азизамонТоҷикистон ва Сарвари хирадманду оқилу фозили онро дар бораи эъломи «Соли 2003–Соли байналмилалии оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал–«Об-барои ҳаёт» (2005–2015), «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об– 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Оббарои рушди устувор» (солҳои 2018–2028) дар хотир доранд ва ба ҷонибдорию роҳандозии онҳо намояндагони қариб тамоми давлатҳои дунё саҳм гузоштаанд,–мегӯяд Усмонҷон-ако. –Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҳалли масъалаҳои об таҷрибаи ғанӣ ва нақши калидӣ дорад.

Дар кишвари мо зиёда аз шасту чаҳор дарсади оби Осиёи Марказӣ тавлид меёбад. Тоҷикистони озоду маҳбубамон аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ нақши бузург доранд ва ҳамчун ташаббускори масоили глобалӣ марбут ба об шинохта шудаанд. Боз фикри худро тақвият дода мегӯяд, ӯ: – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018–2028» боз як иқдоми шоистаи Пешвои муаззам муҳтарам, Президентамон дар раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон аст, шинохта шудааст, мукарраму рисолатарзиш аст.

Усмонҷон Саидов аввалин хатмкардаи факултаи иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ғолиби чандкаратаи мусобиқаҳои сотсиалистӣ, депутати Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Хуҷанд (ҳозира ноҳияи Бобоҷон Ғафуров), нозири ҷамъиятии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, иқтисодшинос–тадқиқотчӣ, мироб, назоратчии минтақаи сойи Хоҷабоқирғон, мухбири ғайриштатии рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» мебошад. Ӯ дар давоми шаст соли фаъолияти кори худ дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, алалхусус дар соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти замин, обёрӣ, оби нӯшокӣ ва ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчунин, ӯ муаллифи мақолаҳои таҳлилии «Шаршараи сои Хоҷабоқирғон», «Саргаҳи рӯди кӯҳии Тагоб», «Дарёи Сир», «Селобаи сои Хоҷабоқирғон», «Иншоотҳои оби дарёи Сир», «Конвенсияи соҳаи об, дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «80-солагии ташкилёбии колхозу совхозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «80-солагии азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш», «Ифлосшавии оби дарёи Сир» мебошад. Ва ҳоло дар бораи роҳҳои беҳдошту барқарорсозии хатҳои обрасонӣ – каналу анҳор, ҷӯйбору заҳбурҳо ва заҳканҳо, дар ҳолати тозагӣ ва коршоямӣ нигоҳ доштани онҳо корҳои тадқиқотӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ мебарад.

Доир ба ин мавзӯъ ва дигар масоили вобаста ба обу беҳдоштии замин Усмон Саидов ба Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дархост ирсол намуд ва ӯ ҷавоби олимон ва мутахассисони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳоро мушаххасан ба худ дастрас гардонид. Директори институти мазкур О.Амирзода, аз ҷумла навиштааст: «Пешниҳодҳои устод У.Саидов, тавсияҳо, мақолаҳо, панду насиҳатҳои номбурда барои таълиму тарбияи ҷавонон, таърихшиносӣ ва баланд бардоштани савия ва маърифатнокии мутахассисон ва мардум аҳамияти арзанда ва шоён доранд. Маводҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳҳо (бо муаллифии устод Саидов У.), конференсияҳо, симпозиумҳо, ҷараёни таълимӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, тренингҳо ва дигар чорабиниҳо истифода бурдан мумкин аст. Боварии комил дорем, ки алоқаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо устод Саидов Усмон Саидзода боқӣ хоҳад монд».

Мавриди зикр аст, ки Усмон Саидзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои истифодаи таҷрибаи истеҳсолию илмию касбии худ ба ҷавонон, мутахассисон, омӯзгорон, олимон дувоздаҳ адад баннер, бисту шаш адад диск ва бист адад варақаи иттилоотӣ оид ба сиёсати глобалии обии Тоҷикистон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор (солҳои 2018–2028)», соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ, азхудкунии заминҳои обёришаванда, сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, иншоотҳои оби нӯшокӣ ва полезӣ пешниҳод намудааст, ки боиси омӯзиш ва таҳлил мебошанд.

Пас аз хондани ҷавоби дархосташ Усмон Саидзода ба ман гуфт: –Медонед, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз тамошои табиати зебову биҳиштосои Тоҷикистони маҳбубамон, кӯҳҳои сарбафалаку обҳои софу мусаффо ва аз ҳама ҷолибу ҷаззобаш – тамошои кӯли зебои каб-кабуди Сарез ба ваҷд ва ба ҳайрат омада, ба азму субот ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи истифодаи об ва ҳалли мушкилоти дигари вобаста ба он баҳои арзандаву шоиставу баланд дод, ки ифтихори ҳар як сокини кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Оре, ташаббуси чаҳоруми башардӯстонаи Пешвои муаззам, муҳтарам Президентамон– Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор (солҳои 2018–2028)», ки ҷараёни бунёдӣ дорад, эътибори Тоҷикистони биҳиштосоямонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам афзуну устувор гардонид–«сарномаи иқдомот сарриштаи вуҷудият ва ҳастист».

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh