ҲАДАФ: МУҲАЙЁ НАМУДАНИ ШАРОИТИ КОРӢ

Истиқлолияти давлатӣ боис гардид, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати беҳсозии вазъи кору хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақвият ёбанд.

Махсусан, имрӯзҳо ба истиқболи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ вусъат ёфта, иншооти таъиноти гуногун, ки боиси таҳкими инфрасохтори шаҳру ноҳияҳо мегардад, бунёду навсозӣ карда мешаванд. Дар шаҳри Хуҷанд низ чунин амалҳои созанда идома дошта, биноҳои маъмуриву хизматрасоӣ бунёд мешаванд.

Аз ҷумла, имрӯзҳо дар бинои нави Кумитаи идораи замин ва Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва Корхонаи воҳиди давлатии Аэрогеодезии Суғд, воқеъ дар кӯчаи А.Грибоедови шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонӣ идома дошта, тибқи нақша, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бино ба иттилои Муҳаммадҷон Абдуғаниев, директори ҚДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷаид корҳои сохтмонии бинои мазкур соли 2017 оғоз гардида, он дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки айни ҳол корҳои рангубор ва насби дару тирезаҳо идома дорад. Зикр кардан бамаврид аст, ки бино аз шаш ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои барҳавои корӣ барои мутахассисони соҳа дар назар дошта шудааст. Толори барҳавои маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бошад, аз ҷумлаи инфрасохтори ин бинои корӣ мебошад, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо сатҳи кору хизматрасонӣ баланд бардошта хоҳад шуд. Барои истироҳату фароғати кормандон ҳамчунин ошхона ва толори варзишӣ низ пешбинӣ шудааст, ки бо тарҳи зебои замонавӣ дар хизмати кормандон қарор хоҳад гирифт. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор фаровонсозии маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои муассир амалӣ шуд.

Кормандони Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хуҷанд дар самти назорати давлатии замин фаъолияти худро пурсамар ба роҳ монда, талош менамоянд, то ки ҳар қитъа замин мақсаднок ва аз рӯи таъинот истифода шавад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh