Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Айнӣ

4 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафар карда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия шинос гардид.

Чуноне зимни сафар ба Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Айнӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду ба истифодадиҳии 499 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 414 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дошта, то ҷашни Истиқлоли давлатӣ боз даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Раиси вилоят аснои сафар рафти корҳои сохтмониро дар як қатор иншоот, аз ҷумла мактаб-интернати Ҷамоати деҳоти Анзоб мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои мактаб-интернат аз се ошёна иборат буда, дар он барои таълиму тарбияи 220 нафар тарбиятгирандагон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ дар бинои нав ҳамзамон коргоҳҳои дӯзандагиву дуредгарӣ ва синфхонаи компютерӣ ташкил карда мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти Анзоб инчунин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22, ки ба таъмир ниёз дорад, азнавсозӣ гардида, барои хонандагон толори варзишӣ низ бунёд хоҳад шуд. Дар ин муссисаи таълимӣ айни замон 292 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 26 нафар омӯзгорон ба хонандагон дарс мегӯянд.

Раҷаббой Аҳмадзода бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати бо сифати баланд бунёд намудани иншооти ҷашнӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки омӯзгорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда бояд насли худогоҳу донишмандро тарбия намуда, ба ин васила саҳми худро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ гузоранд.

Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд. Майдони Нишон ва Парчам дар маркази ноҳия бунёд гардида, гирду атрофи он бо тарҳи хоса ороиш ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа Нишони давлатӣ дар пояи баландиаш 22 метр гузошта шуда, сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр аст.

Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои иҷрои босифати корҳо, гулзор намудани саҳну атрофи майдон ва тақвияти корҳои ободонӣ ба масъулин супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh