Мусоидат ба таъмини волоияти қонун

Дар Прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Суғд баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Ҳикматуллозода, кормандони дастгоҳи прокуратураи вилоят, прокуророни шаҳру ноҳияҳо, муовинон ва ёрдамчиёни калони онҳо ширкат варзиданд. Прокурори вилояти Суғд, кат варзиданд. Прокурори вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 1 Хоҷазода Фурқат Файзалӣ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ маърӯза намуда, фаъолияти ин мақомоти муҳими давлатиро дар соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Зикр гардид, ки Прокуратураи вилояти Суғд дар соли 2020 фаъолияти худро оид ба назорати иҷрои қонунҳо, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Прокурори генералӣ муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба роҳ монда корҳои зиёдро ба сомон расонид.

Дар давоми соли 2020 ҳолати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт, маориф, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳифзи саломатӣ, нафақа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ҳифзи муҳити зист дар фаъолияти мақомоти давлатию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғайра зиёда аз 1558 маротиба санҷида, 25233 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд.

Баҳри бартараф сохтани ин қонунвайронкуниҳо ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои поймолгардидаи шаҳрвандон, корхонаҳо ва давлат 4334 амр дода, 2286 пешниҳод бароварда, 2909 эътироз оварда, 891 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз онҳо 77 адад оид ба ҷиноятҳои коррупсионӣ мебошад.

Дар асоси санадҳои эътиноии мазкур инчунин 219,9 миллион сомонӣ маблағҳои зарар, аз ҷумла 115,2 миллион сомонӣ ба фоидаи буҷет, 56,7 миллион сомонӣ ба коргарон ба сифати музди меҳнат, 2,1 миллион сомонӣ маблағи нафақа ба нафақахӯрон ва 45,9 миллион сомонӣ ба манфиати корхонаҳо барқарор карда шудааст. Дар давоми соли 2020 ҳамагӣ 1619 адад парвандаи ҷиноятӣ ба пешбурди муфаттишони мақомоти прокуратура қабул гардида, тафтиши 1016 адади он ба итмом расонида, аз онҳо 959 адад барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо фиристода шудааст.

 Кормандони мақомоти прокуратураи вилоят ҳангоми баррасии 2496 адад парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 42 адад оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин ва 498 адад оид ба ҷиноятҳои вазнин дар судҳои марҳилаи якум ба сифати айбдоркунандаи давлатӣ иштирок намуда, барои қабули ҳукмҳои қонунан асосноки судӣ ҳамаҷониба мусоидат намудаанд.

Дар ҳамин давра ба 70 адад ҳукми судҳо то ба қувваи қонунӣ даромадани онҳо эътирозҳои кассатсионӣ оварда шуда, то охири сол 59 адади он баррасӣ гардида, 58 адад қонеъ гардонида, бо санадҳои коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди вилоят қонунвайронкуниҳои судҳои марҳалаи якум бартараф карда, ҳукмҳои онҳо ба талаботи қонунҳо мутобиқ гардонида шудаанд.

Ғайр аз ин, ба 43 адад санадҳои судҳои марҳалаҳои якум ва кассатсионӣ ба президиуми Суди вилоят аз тарафи прокурори вилоят 43 эътирози назоратӣ оварда шуда, то охири сол ҳамаи онҳо баррасӣ гардида, 30 ададашон қонеъ гардонида, қонунвайронкуниҳои судҳои поёнӣ бартараф карда шудааст. Аз ҷумла, дар асоси эътирозҳои кассатсионӣ 7 ҳукм ва бо эътирозҳои назоратӣ 12 ҳукму таъиноти судҳои зинаҳои якуму дуюм бекор карда, 19 адад парвандаҳои ҷиноятӣ ба баррасии нави судӣ фиристода шудаанд.

Дар соли ҳисоботӣ кормандони мақомоти прокуратураи вилоят инчунин, ҳангоми баррасии 630 адад парвандҳои граҷданӣ, аз ҷумла 24 адад оид ба барқарор намудан ба ҷойи кор, 82 адад марбут ба кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ ва 3 адад вобаста ба ҷуброни зарари ба ҳаёту саломатӣ расонидашуда дар судҳои шаҳру ноҳияҳо ширкат варзида, баҳри тасвиби санадҳои қонунӣ хулосаҳои асоснок додаанд.

Баробари ин ба судҳои шаҳру ноҳияҳо аз тарафи прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва прокурори вилояти Суғд 146 адад аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани маблағҳои зарар ба маблағи 6,14 миллион сомонӣ оварда шудааст, ки аз онҳо 133 адад ба маблағи 4,04 миллион сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамаи онҳо қонеъ гардонида, маблағи мазкур барқарор карда шудааст. Ғайр аз ин, дар давоми сол аз тарафи прокурори вилоят ба Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳамагӣ 54 аризаи даъвогӣ ба маблағи 70,6 миллион сомонӣ оварда шудааст, ки аз онҳо 52 адад ба маблағи 40,9 миллион сомонӣ дар мурофиаҳои суди иқтисодии вилоят бо иштироки намояндагони прокуратураи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра қонеъ гардонида шудааст.

Аз тарафи мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ҳамагӣ 3244 адад муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 722 адад ё 22,3 фоизи онҳо қонеъ гардонида, вобаста ба онҳо 302 санадҳои эътиноӣ (эътироз, амр, пешниҳод) бароварда, 287 (299) адад қарори мақомоти таҳқиқу тафтиш бекор карда, 117 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 58 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар як вақт ҳуқуқу манфиатҳои 554 нафар шахсони воқеӣ ва 96 адад шахсони ҳуқуқӣ барқарор карда шудааст.

Фаъолияти прокуратураи вилояти Суғд дар самти ташвиқу тарғиби қонунҳо низ самаранок роҳандозӣ гардида, дар давоми сол дар мақомоту муассисаҳо, корхонаҳо, маҳалли зисти шаҳрвандон тавассути матбуоти даврӣ, радио ва телевизион ҳамагӣ 5438 маротиба баромад, вохӯриву суҳбатҳо баргузор намуда, мақолаву маводҳои иттилотӣ пахш ва нашр гардонида, ба самъи аҳолии вилоят дар бораи вазъи иҷрои қонунҳои ҷумҳурӣ, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва мубориза бо он маълумотҳои дахлдор расонида, бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми муайян гузошта шудааст.

Пайрав МИРИНОЯТ,

ёрдамчии калони прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2,

Мухтори АБДУЛЛО,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh