Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар Хуҷанд 170 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон шудааст, корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бомаром идома дорад.

Дар доираи иқдоми мазкур имрӯз дар гулгаштҳои маркази маъмурии вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар се мавзеи шаҳр, аз ҷумла гулгаштҳои назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Бо мақсади ободу хуррам гардонидани муҳити зист ва сарсабзу зебо гардонидани гулгаштҳои хиёбони марказии шаҳри Хуҷанд 100 бех ниҳоли каштан, 30 бех ниҳоли сиренаи ҳиндӣ ва 40 бех олуи аврупоӣ шинонида шуд.

Раиси вилоят барои вусъати корҳои ободонӣ, кабудизоркуниву хуррамгардонӣ ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дода, таъкид кард, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ободонии шаҳр диққати махсус дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh