БА МАВСИМИ ИМСОЛА ОМОДААНД

Дар ноҳияи Мастчоҳ ёздаҳ корхонаи коркарди пахта ҳаст, ки бузургтарини он ҶДММ «Музаффар – Компания» мебошад. Коргоҳ дар заминаи собиқ совхозтехникуми ба номи Ленин соли ду ҳазору чордаҳум бунёд гардидааст. Сарварии онро Музаффар Раҳимов ба уҳда дорад. Зимни суҳбат мавсуф иброз дошт, ки коргоҳ пурра бо дастгоҳҳои муосири давлати Чин таҷҳизонида шуда, мунтазам дар анҷоми сол бо хоҷагиҳои деҳқонӣ шартномаи тарафайн баста мешавад. Барои қабул ва коркарди «тиллои сафед» дар соли 2020 - ум масъулини коргоҳ охири соли 2019 –ум бо 280 хоҷагии деҳқонӣ шартномаи тарафайн баст, ки ду шартнома бо хоҷагии деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боқимонда бо хоҷагидорони ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

- Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастрасӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар сол аз сол истеҳсолотро рушд дода, бо ин васила ҷойи кориро низ афзун мегардонем, - зикр кард зимни суҳбат М. Раҳимов.

Агар соли нахустини фаъолият ба коргоҳи номбурда ҳамагӣ 2500 тонна «тиллои сафед» ворид гардида бошад, сол аз сол миқдори маҳсулотро афзун гардонда, дар натиҷа соли 2019-ум 5600 тонна ва имсол чор ҳазору шаст тонна пахта қабул гардид.

Соли 2020- ум аз пахтаи воридгардида 1444 тонна нахи пахта ва 2800 тонна чигит гирифта шуд. Соли 2020 ҶДММ «Музаффар – Компания» то 25 –уми ноябр фаъолият бурда, аз он пас ба таъмиру тармими таҷҳизоти коргоҳ пардохтанд, то ин ки ба мавсими нав омодагии пурра дошта бошанд.

Дар мавсими корӣ беш аз сӣ нафар аз Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, Бӯстон ва Палдорак ризқу рӯзии хешро беҳтар месозанд. Дар мавсими ҷӯшу хурӯши меҳнат кормандон дар се баст фаъолият бурда, бо хӯроки гарм таъмин ва рафтуомади онон бо нақлиёти хизматӣ ба роҳ монда шудааст. Маоши кормандони муваққатӣ аз 1100 то 1900 сомонӣ буда, музди меҳнати мутахассисон то се ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

- Мутаассифона, солҳои охир мо натавонистем нақшаи истеҳсоли равғанро ба иҷро расонем, - гуфт бо таассуф М. Раҳимов.

Корхонаи мазкур соли ду ҳазору бистум аз коркарди пахта се навъи маҳсулот - нахи пахта, чигит ва 61 тонна тибит гирифта бошад ҳам, аммо дар истеҳсоли равған ба мақсад нарасиданд. Сабаби асосии онро мутахассисон аз тухмии кишташуда медонанд, зеро соли сеюм аст, ки навъи чигити чиниро ба замин мепошанд. Пахтае, ки аз чигити чинӣ рӯидааст, ду соли аввал ҳосили хуб дода бошад ҳам, яъне аз як гектар то 40 - 45 сентнер, аммо соли сеюм равғаннокиаш хеле паст гардид.

Тавре деҳқонони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Зафаробод ва шаҳри Конибодом иброз медоранд, онҳо аз чигити навъи чинӣ даст кашида, навъҳои хушсифати истеҳсоли Ӯзбекистонро истифода хоҳанд бурд.

- Наздик сӣ сол аст, ки дар фазои истиқлолияти кишвар умр ба сар мебарем ва шукр мекунем, ки ба даврони ободу осудаву фаровонӣ расидем. Чӣ рӯзҳоеро, ки аз сар гузаронидем? Он замон чун хоби даҳшатбор ба хотири калонсолон нақш баст: соатҳо дар паси мағозаҳои дарбаста дар интизори буридаи ноне нишастан, муаллимон аз соҳаи маорифу табибон аз беморхонаҳо ҷониби бозор роҳ пеш гирифтанд ва мардуми ҷануб бошанд, ба сабаби нобасомониҳо тавқи гуреза бар гиребон заданд. Интихоби сарвари хирадманд дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ аз тарафи вакилон боис гардид, ки халқи мо осуда гардаду мулк обод, - гуфт собиқадори меҳнат, пири кор М.Раҳимов ва идома дод: - Бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат орзуву омоли мо амалӣ гардида истодааст. Ва ҳоло соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ рушд ёфта, сафи муҳоҷирон низ дар хориҷи кишвар коҳиш ёфта истодааст.

Бунёди коргоҳи коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ, ки инро борҳо Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, барои деҳқонон низ хуб аст, - идома дод суханашро пири кор М.Раҳимов, - зеро вақте бо замин сарукордор мешавем, пошидани дона ва нигоҳубини он маблағи зиёде талаб мекунад, аммо на ҳама имкони пардохти онро доранд. Ин пӯшида нест, ҳатто аз бонк қарз гирифтан ҳам, он фоизи худро тақозо дорад. Вале соҳибкороне, ки бо коркарди ашёи хом машғуланд, барои сифатнокии маҳсулот дар асоси шартномаи тарафайн хоҷагиҳои деҳқониро маблағгузорӣ менамоянд.

Маъмурияти ҶДММ «Музаффар – Компания» аллакай барои соли 2021 нақшаи кориро тарҳрезӣ намуда, бо якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров шартномаи тарафайн баста, баҳри харидории чигиту нуриҳои минералӣ ва сӯзишвории дизелӣ барои мавсими имсола омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh