САРВАТИ МУҲИМИ ТАБИӢ ИВАЗКУНАНДАИ НЕРУИ БАРҚ

Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон – Яғноб» бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир фаъолияташро густариш бахшида, ба яке аз таъминкунандагони асосии ангишти муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистон табдил ёфтааст. Он дар байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон воқеъ буда, захираи азими ангиштро доро мебошад.

Бино ба гуфти директори КФ «Шахтаи Фон - Яғноб» Фирӯзбек Сайфуллоев, истихроҷи ангишт дар ин кон аввали солҳои 70-уми асри гузашта оғоз шуда, ҳамчун як қитъаи истеҳсоли ангишт барои таъмин намудани Комбинати маъдантозакунии «Анзоб» ва кормандони он бо сӯзишворӣ ташкил ёфта буд.

Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ он фаъолияташро васеъ намуда, дар саросари кишвар корхонаю идораҳо ва аҳолиро бо маҳсулоти худ барзиёд таъмин менамояд. Кони ангишти «Шахтаи Фон - Яғноб» дар ҷумҳурӣ ягона кони ангишти калонтарин ба ҳисоб рафта, дорои аҳамияти стратегӣ аст ва 43 фоизи ангишти ҷумҳуриро истихроҷ менамояд. Дар ҷумҳурӣ агар 17 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият дошта бошанд, КФ “Шахтаи Фон - Яғноб” корхонаи калонтарин ба ҳисоб меравад. Бо ташабуси роҳбарияти КФ “Шахтаи Фон - Яғноб” интихоби мутахассисони болаёқат ба роҳ монда шудааст. Соли равон корхона 295 нафар коргарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 27 нафар зиёд мебошад. Музди миёнаи кормандон бошад, ба 3743 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 243 сомонӣ зиёд аст.

То имрӯз корхона зиёда аз 862 ҳазору 307 тонна ангишти хушсифат истихроҷ намудааст, ки 101,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Роҳбарият ва кормандони корхона дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷаҳду талош намуда, дар таъмини корхонаҳои бузурги саноатию маъмурӣ, муассисаҳои буҷетии кишвар бо ангишти ватанӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Бояд ёдовар шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ талабот ба истифодаи ангишт рӯз ба рӯз афзуда истодааст ва корхонаҳои калонтарини саноатии кишвар, «Шабакаҳои барқу гармидиҳии Душанбе», ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент», инчунин корхонаҳои “Суғд - Семент” ва «Тоҷ - Семент» - и шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро бо истифода аз ангишти КФ «Шахтаи Фон - Яғноб» ба роҳ мондаанд. Инчунин, чандин корхонаҳои хиштбарории ҷумҳурӣ, ҶСК «Корхонаи кимёвии Исфара», корхонаҳои оҳангудозӣ, ҷамоату шаҳрак, мактабҳои таҳсилоти миёна, соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ва аҳолии кишвар низ аз ангишти КФ «Шахтаи Фон – Яғноб» истифода мебаранд. Бояд зикр намуд, ки ба «Шабакаҳои барқу гармидиҳии Душанбе» 497 ҳазору 222 тонна, ба муассисаҳои буҷавии вилоят 9 ҳазору 160 тонна интиқоли ангишт ба роҳ монда шудааст. Захираи ангишт бошад, ба санаи 1 – уми январи соли 2021-ум 39 ҳазору 049 тонна мебошад. Роҳбарият ва аҳли кормандону меҳнаткашони КФ «Шахтаи Фон -Яғноб» дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кор қарор дода, ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонию шукуфоии кишвар ҳамеша талош мекунанд. Ҳайати кормандони корхона барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба доранд.

Бо ташаббуси корхона дар соли 2020 дар шаҳраки “Зарафшон - 2” – и ноҳияи Айнӣ сехи дӯзандагӣ бо тамоми таҷҳизоташ, толори варзишӣ ва боғи истироҳатӣ бо фавворааш сохта, ба истифода дода шудааст. Инчунин, ҷиҳати таъмин намудани оилаҳои камбизоат, хонаҳои ятимон ва пиронсолон ангишт ва масолеҳи сохтмонӣ ройгон дода шуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh