Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Гулистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди иншооти гуногун шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сохтмони 200 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, давоми солҳои 2018-2020 157 иншоот ба маблағи беш аз 310 миллион сомонӣ бунёд ва азнавсозӣ гардидааст.

Раиси вилоят зимни боздид аз шаҳри Гулистон рафти корҳои сохтмониро дар чанд иншооти ҷашнӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳр шинос гардида, барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Бинои маъмурии ҲХДТ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда мешавад.

Сипас, Раиси вилоят бо раванди корҳои сохтмонӣ дар осоишгоҳи “Абдуқодир Ҷабборзода” ва осоишгоҳи соҳибкор Турсуной Зокирова ошно гардид. Зикр карда шуд, ки дар шаҳри Гулистон, ки аз минтақаҳои истироҳатии мамлакат маҳсуб меёбад, сол ба сол маконҳои истироҳативу солимгардонӣ зиёд гардида истодааст. Масъулинро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иншоотро бо тарҳу ороиши зебову замонавӣ бунёд намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh