ТАЪМИНИ БОЗОР БО МАҲСУЛОТИ ХУШСИФАТ

 

 

 

 

Имрӯз талаботи сокинон нисбат ба маҳсулоти гӯштии хушсифат зиёд аст. Дар ҳамин замина алҳол дар миқёси вилоят якчанд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ фаъолият доранд. Яке аз чунин корхонҳо ин ҶДММ «Кабири Хуҷанд» ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти худро дар самти истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ба роҳ монда, мавқеи худро дар байни ҷомеа пайдо намудааст. Корхонаи мазкур фаъолияти истеҳсолии худро аз моҳи декабри соли 2014 оғоз намудааст. Тибқи иттилои масъулин, сараввал овезаҳои таблиғотӣ дар ҳама ҷо насб шудааст, то барои аҳолӣ маълум гардад, ки чунин коргоҳ ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифати гӯштӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои директори он Ғуфрон Файзиев, дар аввали фаъолият то бист намуди маҳсулот истеҳсол мешуд. Бо дастгирии ҳамаҷонибаи муассисони он Аюбҷон Абдуллоев ва Зафарҷон Мақсудов техникаҳои истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи «Интермик» - Полша, «Компо» - Белорусия ва «Поликлип» - Германия ва “ULMA”- Испания оварда шудааст.

Дар ҳамин замина, корхонаи мазкур ҳамкории худро бо идораҳои Тоҷикстандарт, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ташхисгоҳҳои дар шаҳр мавҷудбуда хуб ба роҳ мондааст. Ҳангоми қабули гӯшт, пеш аз ҳама, ба сертификати мутобиқати он диққат дода мешавад.

Масъулини ҶДММ “Кабири Хуҷанд” дар самти сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда диққати махсус зоҳир менамоянд. Зеро барои ба бозори дохиливу хориҷӣ роҳ ёфтан, пеш аз, ҳама сифати маҳсулотро беҳтар намуд. Дар ҳамин замина ҳамарӯза бо кормандон дар самти сифати маҳсулоти гӯштӣ дастурҳои махсус дода мешавад. Алҳол 24 нафар шахс бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ миқдори кормандон зиёд гардида, истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ низ зиёд мешавад.

Ғуфрон Файзиев дар идомаи суҳбат зикр намуд, ки пештар маҳсулоти истеҳсолнамуда бо номҳои русӣ ба бозор бароварда мешуд. Имрӯз бошад, ҳамаи номгузориҳо бо забони тоҷикӣ, ба монанди “Паҳлавон”, “Гап нест”, “Олӣ”, “Бомазза”, “Ошно”, “Хонагӣ”, “Хуҷандӣ” ва дар умум имрӯз истеҳсоли беш аз 80 номгӯи маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Корхонаи мазкур дорои сехҳои қабули маҳсулоти хом, коркард, қимакунӣ, пухтупаз, борҷомакунӣ ва анбори маҳсулоти тайёр мебошад.

- Мақсади асосии мо - кормандон ин таъмини дастархони сокинон бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, аҳли кормандони ҶДММ “Кабири Хуҷанд” баҳри хушсифат ва хушлаззат истеҳсол гардидани ҳасибу ҳасибчаҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд, - гуфт Ғ.Файзиев.

Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh