ИСТАРАВШАН: ЗАҲМАТУ ТАЛОШ БАҲРИ ШУКУФОИИ ВАТАНИ МАҲБУБ

Имрӯзҳо дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён доранд. Дар ин раванд бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, аз рӯи он корҳо хуб идома доранд. Тибқи нақша, ки аз 450 банд иборат аст, корҳои сохтмонӣ дар аксарияти ин иншоот ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шуда, дар боқимондаи он корҳои созандагӣ идома доранд.

Бино ба иттилои масъулини шаҳр дар давраи солҳои 2018-2020 беш аз 300 иншоот аз қабили марказҳои хизматрасонии сартарошхона, кошонаи ҳусн, мағозаҳо ва дигар иншооти таъиноташон гуногун бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки соли 2019 дар ҳудуди шаҳр бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ азнавсозӣ, сохта ба истифода супоридани 155 иншооти гуногун роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, толор ва майдончаҳои варзишӣ, ба истифода додани 10 синфхонаи иловагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавкандак, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо маркази хизматрасонӣ, тӯйхона, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, мумфаршкунии роҳҳои деҳаҳо ва гузарҳо маҳсуб меёбанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз нишондоди дар боло зикргардида соли гузашта дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ сохта ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншооти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ба нақша гирифташуда дари худро ба рӯи сокинон боз намуд.

Бино ба иттилои раиси Ҷамоати деҳоти Чорбоғ Ойбек Шарифов, корҳои ободониву созандагӣ дар ҷамоат дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои хушу хотирмон истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодаанд. - Соли гузашта бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолии деҳа таъмири ҷории роҳи кӯчаҳои марказии деҳаи Файзи Истиқлол, кофтани чоҳҳои амудӣ, бо оби полезӣ таъмин намудани Хоҷагии деҳқонии «Зилола - 1» ва «Ото - Норбой», сохтани шаш синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 - уми деҳаи Чорбоғ, се синфхонаи иловагӣ ва як китобхонаи замонавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №61 – ум дар деҳаи Файзи Истиқлол барои хонандагон ба истифода дода шуд, - гуфт мавсуф.

Ҳамчунин, давоми ду соли охир сохтмони бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Чорбоғ аз тарафи соҳибкорон, пули мошингузар дар назди бинои ҷамоат, ҷудо намудани ҳуҷраи иловагӣ барои хатнаи кӯдакон дар маркази саломатии деҳа, азнавсозии шуъбаи бачагонаи беморхонаи минтақавии №2 - юми деҳа ва таъсиси як корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва бо муҳайё намудани даҳ ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои масъулин давоми соли гузашта дар ҳудуди шаҳр иҷрои 90 банди нақшаи тасдиқгардида роҳандозӣ шуда, беш аз 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода додани 13 иншооти тандурустӣ, сохтмон ва таъмири куллии ду муассисаи мактабӣ, ҳафт маркази савдо ва хизматрасонӣ, даҳ корхонаи истеҳсолии хурд ва се толору майдончаи варзишӣ мавриди истифодаи умум қарор гирифт.

Айни ҳол дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан давоми сол наздик 84 адад иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта, шуда, алҳол дар аксарияти онҳо корҳои сохтмонӣ бомаром ҷараён доранд. Сокинони ободкору ҳунарманди шаҳри бостонӣ ба хотири пешрафту шукуфоии меҳани азизи худ ва ба муносибати истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ кӯшиш намуда, диёри худро ободу назаррабо менамоянд. Шукрона аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи саривақтиву босифати нақшаҳо ва сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ равона месозанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh