АНГИШТ - ИВАЗКУНАНДАИ НЕРУИ БАРҚ

Захираҳои Тоҷикистон қариб тамоми намуди ангишт - аз ангишти қаҳваранги Шӯроб сар карда, то антрасити беназири Назар-Айлоқро дар бар мегиранд. Феълан захираи ангишти кишвар 3,8 миллиард тонна арзёбӣ мешавад. Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба соҳаи ангишти ватанӣ сатҳи маҳсулнокии корхонаҳои ҷумҳурӣ дар солҳои охир хеле афзудааст. Ҳамин тавр, дар соли 2020 истихроҷи ангишт дар кишвар беш аз 1 миллиону 500 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 1991 се маротиба зиёд аст.

Бо паси сар шудани беш аз як моҳи фасли зимистон, ки имсол нисбат ба солҳои пешин басо сармои қаҳратуну сербориш омада, дар ин замина як қатор муаммоҳоро ба миён овард. Агарчи баҳри беталафот гузаронидани фасли сармо ҳанӯз хеле барвақт раванди омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон ба роҳ гузошта шуда бошад ҳам, аммо муроҷиатномаи Ширкати Барқи Тоҷик дар робита бо истифодаи сарфакорона ва оқилонаи неруи барқ аз роҳбарият ва масъулини мақомоту сохторҳо ва мақомотҳои марбута тақозо дорад, то чораҳои фаврии иловагӣ андешида шаванд.

Дар ин раванд аз ҷониби роҳбарияти вилоят имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят баҳри бештар намудани нуқтаҳои фурӯши ангишт дастуру супоришоти зарурӣ дода шудааст. Аз бобати то кадом андоза иҷро гардидани он бо масъулини соҳоти марбута дар тамос шудем.

Бино ба маълумоти масъулини шаҳри Исфара, гурӯҳҳои корӣ бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, мунтазам дар корхонаю ташкилот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, савдову хизматрасонӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати баландбардории масъулияти шаҳрвандӣ ва маданияти истифодаи неруи барқ корҳои фаҳмонидадиҳӣ мебаранд. Вобаста ба вазъи дар соҳаи энергетика ахиран бамиёномада диққати ҳозирин ба мавзӯи истифода аз намудҳои дигари сӯзишворӣ, аз қабили ангишту ҳезум ва гази моеъ низ ҷалб карда мешавад. Ин аст, ки имрӯзҳо дар қаламрави шаҳр 29 нуқтаи фурӯши гази моеъ, 24 нуқтаи фурӯши доимии ангишт фаъоланду талаботи аҳолиро ба таври бояду шояд.

Аз маълумотҳои ҶСК "Ангишт"- и шаҳраки Шӯроб бармеояд, ки кормадон бо дарки амиқи вазъи баамаломада ва афзоиши талабот истихроҷи ангиштро соли 2020-ум ба таври назаррас афзоиш доданд. Агар соли 2019 дар ин корхона ба миқдори 63 ҳазору 450 тонна ангишт истихроҷ шуда бошад, дар соли 2020 ин нишондод 73 ҳазору 939 тоннаро ташкил додааст.

Дар фасли сармо, ба ҷузъ аз шаҳрҳои калон, ки мардум асосан дар баландошёнаҳо дар мавзеъҳои дигари кишвар қисман маҳдудияти интиқоли неруи барқ ҷорӣ мешавад ва сокиноне, ки дар ҳавлӣ зиндагӣ доранд, барои гарм кардани хонаҳояшон аз маводи сӯхтии алтернативӣ, назири ангиштсанг истифода мекунанд. Дар ин раванд алҳол баъзе ашхоси беаҳамияту худхоҳ аз фурсат истифода бурда, дар аксар мавзеъҳои нуқтаҳои фурӯши ангишт бо таври сунъӣ арзиши чунин навъи маводи сӯзишвориро ба маротиб боло мебаранд. С.Қодиров, - сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, бо оғози фасли сармо нархи ангишт ҳам нисбат ба солҳои пеш гарон шудааст. Бино ба гуфтаи ӯ, дар як ҳавлӣ се хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд ва то оғози мавсими баҳор хонаҳоро бо ин навъи сӯзишворӣ гарм мекунанд. Дар сурате, ки дар хона пиронсолону кӯдакон низ ҳастанд, доимо хонаҳоро гарм медорем, аз ин лиҳоз барои ниёзи оилаамон ҳамасола беш аз 3 тонна ангишт зарур аст.

- Cоли гузашта ҳар килои ангишт 1 сомонию 40 дирам ва хокаи онро 0,50-0,70 дирами харида будем, ҳоло бошад, арзиши як килограми он аз 1 сомонию 70 дирам то 2 сомонӣ боло рафтааст. Дар ҳоле, ки вазъияти имсолаи бамиёномадаи пандемия ба аҳолӣ бисёр вазниниҳоро ба миён оварду боиси коҳиш ёфтани иқтисодиёти мардум гашт, хуб мешуд масъулин нархҳоро дар ҳамаи самтҳои хоҷагӣ назорат намоянд, -мегӯяд номбурда.

Воқеан чун аз чанд нуқтаҳои фурӯши ангишт бобати арзиши он пурсон шудем, ҳоло арзиши як кило ангишти истеҳсоли худии навъи хокааш 0,70 дирам, ангиштсанг аз 1,6 сомонӣ то 2 сомонӣ аст. Сокинон мегӯянд, арзиши ин навъи маводи сӯхт нисбат ба як соли пеш аз 50 то 80 дирам боло рафтааст. Масъулини соҳа сабаби болоравии арзиши ин навъи сӯзишвориро аз чанд омилҳо медонанд, аз ҷумла арзиши аслии ангишти истихроҷшаванда дар корхонаҳои соҳа асосан ба болоравии қимати воситаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла қисмҳои эҳтиётӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои техникӣ ва маводҳои тарфӣ вобастагӣ дорад.

Зимни суҳбат бархе аз фурӯшандагон сабаби гарон шудани нархи ангишти ватаниро ба бештар шудани талабот дар корхонаҳои калони истеҳсолӣ медонанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар ҷумҳурӣ талабот ба истифодаи ангишт рӯз аз рӯз афзуда, асосан корхонаҳои калонтарини саноатии кишвар, «Шабакаҳои барқу гармидиҳии Душанбе», ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент», инчунин корхонаҳои “Суғд - Семент” ва «Тоҷ - Семент» - и шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро бо истифода аз ангишти КФ «Шахтаи Фон - Яғноб» ба роҳ мондаанд. Инчунин, чандин корхонаҳои хиштбарории ҷумҳурӣ, ҶСК «Корхонаи кимёвии Исфара», корхонаҳои оҳангудозӣ, муассисоти маорифу тандурустии кишвар низ аз ангишти КФ «Шахтаи Фон – Яғноб» истифода мебаранд.

Тибқи маълумоти расмӣ, захираи ангишт ба санаи 1 – уми январи соли 2021-ум наздик 40 ҳазор тонна мебошад. Вале коршиносон мегӯянд, ки дар самти дарёфти роҳи таъмини аҳолӣ ба ангишт бо нархҳои дастрас Ҷамъияти "Тоҷикматлубот"- и шаҳру навоҳии вилоят метавонад ташаббус нишон дода, аз имконоти мавҷуда истифода бурда, ҳамлу нақли онро дар маҳалҳову минтақаҳои вилоят мағозаву нуқтаҳои фурӯши сӯзишвориро бо арзиши нисбатан арзонтар пешниҳод намоянд. Зимни суҳбат бо сокинон бароямон аён шуд, ки ғолибан онҳо аз муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи Тоҷик» огаҳӣ доранд ва омилҳои мушкилоти кунун бамиёномадаро дуруст дарк мекунанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтаанд барқро асосан барои рӯшноӣ истифода бурда, дар омода намудани таом ва гармкунии иқоматгоҳашон аз ангишту ҳезум ва газ кор бигиранд.

Сокинон боварӣ доранд, ки мушкилоти имрӯза муваққатӣ буда, сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани ҳар киловатт-соати барқ ҳам ба манфиати онҳо ва ҳам ҷамъият аст. Танҳо истифодаи оқилонаи неруи барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ, истифодаи таҷҳизоти каммасрафи барқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонад, дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат мусоидат намояд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh