ПАРАНДАПАРВАРӢ РУШД МЕЁБАД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ барои рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифПАРАНДАПАРВАРӢ РУШД МЕЁБАДати ватанӣ дастур доданд, воридоти технологияву таҷҳизот ва маводи хӯроки паранда аз боҷи гумрукӣ озод карда шавад.

Соҳибкорзан, директори ҶДММ «Фабрикаи парандапарварии Назар» Каромат Назарова аз ин иқдомҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумат илҳом гирифта, дар Минтақаи саноатии Шимолу Шарқии шаҳри Хуҷанд фаъолияташро ба роҳ монд, ки ба парвариш ва забҳи мурғ машғул аст. Дар як шабонарӯз беш аз 1100 сар мурғ дар ин корхона забҳ шуда, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бандубаст мегардад. Бояд гуфт, ки маҳсулоти хоми гӯшти парранда бо тамғаи молии “Далерон” ба бозор пешниҳод мешавад. Ҳамчунин, дил, ҷигар ва сангдони мурғ низ бандубаст шуда, дар алоҳидагӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Тибқи иттилои масъулин, иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1200 тонна маҳсулоти гӯшти мурғ мебошад. Имрӯз сокинон бо маҳсулоти парҳезӣ ва босифат таъмин мебошанд.

Роҳбарияти коргоҳ дар оянда нақша дорад, ки ҳаҷм ва намуди маҳсулотро зиёд намуда, ҷойҳои кориро боз ҳам афзун намояд.

- Имтиёзҳо ба андоз низ ба поинравии арзиши аслии маҳсулот таъсири мусбат мерасонад, - гуфт Каромат Назарова.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh