ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНА МУҲИМ АСТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баҳри амалӣ намудани тадбирҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳоти гуногун корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар аз пештар вусъат дода истодаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, фаъолони ҳизб аз оғози моҳи январи соли 2021 дар самти амалигардонии Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик», пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID – 19” тарғиботро боз ҳам пурзӯр намуда, бо усули «кӯча ба кӯча» ва «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаанд. Масъулин зимни мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони шаҳру навоҳӣ сарфакорона истифодабарии неруи барқ, истифода намудан аз таҷҳизоти каммасраф, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро тарғиб намуда, мусоидат ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятиро таъкид менамоянд.

Силсилаи чунин мулоқот дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Панҷакенту, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанду Гулистон мунтазам баргузор мешавад. Чунин вохӯрӣ, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо усули «кӯча ба кӯча» ва «хона ба хона» дар Ҷамоати деҳоти «Ҳаёти нав» баргузор гашта, фаъолони ҳизб И. Самадов ва М.Исмоилова бо сокинон сӯҳбат доир намуданд. Тарғиботчиён оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID – 19”, дар бораи истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, истифода намудан аз таҷҳизоти каммасраф суханронӣ намуда, хоҳиш намуданд, ки ба қоидаҳои гигиению санитарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар корхонаҳо ва дар хона, ба масофаи иҷтимоӣ, бе ниқоб гаштугузор накарданро риоя намоянд. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо усули “кӯча ба кӯча” ва “рӯ ба рӯ” дар шаҳри Конибодом низ бомаром ҷараён гирифта, масъулин корҳои тарғиботиро дар самти амалигардонии Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» вусъат дода, бо ҷалби вакилони маҳаллӣ бо усули “кӯча ба кӯча” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд. Тарғибот дар ин самт аз ҷониби дигар вакилон низ идома дорад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ аз ҷониби масъулони кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати сарфакоронаву мақсаднок истифодабарии нерӯи барқ мулоқоту вохӯриҳо сурат гирифта, корҳои фаҳмондадиҳӣ барои беҳтар намудани шароити зист дар моҳҳои боқимондаи зимистон ҷараён гирифт. Инчунин бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус пешниҳодҳо дода шуда, ба мардум маҳлули антисептикӣ тақсим карда шуд. Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар шаҳри Исфара бомаром идома дорад.

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар маркази шаҳр бо усули рӯ ба рӯ ва хона ба хона оид ба сарфакоронаю оқилона истифода бурдани неруи барқ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баргузор шуда истодааст.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh