Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, сохтмони иншооти ҷашнӣ бомаром идома дорад.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ иттилоъ дода шуд, ба пешвози ҷашни таърихӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар ноҳия бунёди 394 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз бошад 309 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои сохтмонӣ дар чанд иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла маркази ташхисӣ ва солимгардонӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва ҳавзҳои моҳипарвариро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин супоришҳо дод.

Раиси вилоят ҳамзамон дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат варзида, барои вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ ба роҳбарияти ноҳия супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh