НАҚШИ БОРИЗ ДАР ШУКУФОИИ КИШВАР

Баҳри рушди корхона, тақвияти касб ва барои ба дастовардҳои зиёд ноил гардидан мебояд дар баробари замон қадам ниҳода, аз навовариҳои ҷаҳон огоҳ шуда, то қадри имкон аз шароити фароҳамомада истифода бурд. Танҳо дар ҳамин ҳолат ҳар як корхона, ташкилот метавонад, дар ҷомеа устувор бимонад. Нисбат ба фаъолияти пурсамари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен - текстайлз», ки дар Ҷамоати деҳоти Куркати ноҳияи Спитамен арзи ҳастӣ дорад, метавон чунин баҳогузорӣ кард. Фаъолияти ҷамъият тариқи комплексӣ ба роҳ монда шуда, қисми бештари маҳсулоти дар хоҷагӣ истеҳсолгардида дар дохил коркард шуда, ба бозорҳои хориҷи мамлакат пешниҳод мегардад.

- Дар назди коргоҳ ҳамагӣ 7100 гектар замини кишоварзӣ буда, аз он 3344 гектар замини корам, 409 гектар майдони боғ, ки дарахтони бисёрсола дорад, 1827 гектар замини чарогоҳ мебошад. Соли 2019 дар майдони 1985 гектар донаи умед пошида, 3761 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуда бошанд, соли сипарӣ аз ду ҳазору сад гектар замин 3850 тонна ҳосил ба даст оварданд, ки ин аз ҳар гектар 18,7-сентнериро ташкил медиҳад, - гуфти зимни пурсиш иқтисодчии агроучасткаи Куркати ҶДММ «Спитамен – текстайлз» Абдумалик Абдурасулов.

Барои тақвияти суханаш А. Абдурасулов аз боби таъмиру тармим ва насби дастгоҳҳои муосир дар коргоҳ ёдовар шуд. Ҷамъият ҳанӯз соли 1996 – ум дастгоҳҳои хешро ба талаботи замон мувофиқ гардонда бошад ҳам, аммо чанд сол пас, яъне соли дуҳазорум комилан аз нав таҷҳизонида, дастгоҳҳои муосири истеҳсоли давлати Туркияро насб карданд. Вале соли дуҳазору нуздаҳум бошад, коргоҳ боз таъмири куллӣ ёфта, бо дастгоҳҳои истеҳсоли давлати Италия таъмин шуда, бо ҳидоят ва иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шуруъ карда буд.

Дар ҳамон давра, тибқи дастуру супоришҳои Президети мамлакат фаъолияти хешро ба таври комплексӣ ба роҳ монд. Бо мақсади ба пуррагӣ истифода бурдани ашёи хом дар асоси нишондоди Пешвои муаззами миллат коргоҳи коркарди пахта таъсис гардид. Моҳи апрели соли дуҳазору нуздаҳум бошад, боз бо дастур ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат ба беш аз 2100 гектар замини кишоварзии коргоҳи номбурда донаи умед пошида, ба кори деҳқонӣ, ба кишти пахта ҳусни оғоз бахшида буданд.

ҶДММ «Спитамен – текстайлз» асосан ба хоҷагии тухмипарварӣ нигаронида шуда, аз 3140 гектар замини обии дар ихтиёрдоштаашон ба қисми муайянаш чигити тухмӣ кишт карда, ҳар сол аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 25 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ менамоянд. Соли 2020 –ум ба коргоҳи мазкур аз замини худӣ ва дар асоси шартномаи тарафайн аз хоҷагиҳои деҳқонии пахтапарвари ноҳия ба миқдори 2273 тонна «тиллои сафед» ворид гардид. Дар натиҷаи коркарди ашёи хом ба андозаи 745,9 тонна нахи пахта, 126,5 тонна чигит, 37,3 тонна тибит, 13,3 тонна торак (навъи дуюми нахи пахта) ва 8,9 тонна пат истеҳсол гардид. Соли ду ҳазору нуздаҳум бошад, аз 1985 гектар замин 3761 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуда буданд.

- Боиси хурсандист, ки, - мегӯяд сарвари ҶДММ «Ситамен - текстайлз» Бобокалон Шукуров, - якуми апрели соли 2020 дар идомаи боздиди кориашон аз ноҳияи Спитамен Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои кишоварзии коргоҳи мо донаи умед пошида, ба киштукори «тиллои сафед» фотеҳаи нек дода буданд. Дастур ва ҳидояти Пешвои муаззами миллат буд, ки соли сипарӣ анҷомбахши корҳои кишоварзӣ ва коркарди ашёи хом назаррас буданд. Соли ду ҳазору нӯҳум низ Пешвои муаззами миллат ба коргоҳи мо ташриф оварда буданд ва ҳоло ҷамъият фаъолияти худро ба таври комплексӣ ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, солҳост, ки пахтаи истеҳсолнамудаи хешро дар дохили коргоҳ коркард намуда, ба бозорҳои хориҷи давлат низ пешниҳод менамоем.

- Коргоҳ дар Ҷамоати деҳоти Куркати ноҳия чойгир буда, дар мавсими корӣ беш аз ҳаштод нафар дар ду баст соҳиби кор гардида, бо ду маҳал хӯроки гарм таъмин мебошанд. Ҳисоби миёнаи маоши онон аз ҳазор сомонӣ зиёд аст, - мегӯяд Улуғбек Эшназаров, иқтисодчӣ оид ба коркарди ашёи хоми ҶДММ «Спитамен - текстайлз». Метавон гуфт, коргоҳ яке аз бузургтарин ҷамъияти кишоварзӣ буда, то шашсад нафар ва дар мавсими киштукор ва ҷамъоварии ҳосил шумораи кормандон то ба ҳазору дусад нафар зиёд мешавад. Бо вуҷуди доштани замини кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ баҳри равнақи кор ва фаъолияти самаранок ҳар сол мунтазам бо хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва бо беш аз сад нафар иҷоракорони соҳаи кишоварзӣ, ки бо кишти пахта машғуланд, шартномаи тарафайн баста мешавад.

- Ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар баҳри ободонии кишвараш бояд ҷидду ҷаҳд намояд, тавре дар ин бобат дар ҳар як мулоқоту вохӯриҳояшон, хосатан дар Паёми навбатиашон ба Маҷилиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2019 -ум Пешвои муаззами миллат ёдовар шудаанд: «… мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем».

Мо низ бо назардошти ҳамин гуфтаҳо ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ва дар пайравии солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» деҳотро ободу зебо намуда, аз ҳисоби даромадҳои худ дар маркази ҷамоат як майдони болопӯшида барои бозии футбол, майдончаи муосири бозии кӯдакон, чароғонкунии кӯчаҳо, 300 метр роҳравро сафолакпӯш, Парчами давлатӣ, ду фаввора, беш аз 300 ниҳоли сояафкан шинонидем, - қайд кард дар хотимаи суҳбат сарвари ҶДММ «Спитамен - текстайлз» Бобокалон Шукуров.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh