Дар Шаҳристон бунёди бинои бахши омори ноҳия ҷараён дорад

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бунёди бинои бахши омори ноҳия идома дорад.

Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншоот иттилоъ дода шуд, бинои мазкур бо фармоиши Сарраёсати омори вилояти Суғд сохта шуда, харҷномаи лоиҳавии иншоот 700 ҳазор сомониро ташкил мекунад.

Бинои бахши омори ноҳия бо мақсади беҳтар намудани шароити кории кормандони соҳаи омор сохта шуда, дар назар аст, ки сохтмони он соли равон ба итмом расонида шавад.

Ҳини шиносоӣ Раиси вилоят барои дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Раиси вилоят фаъолияти меҳмонхонаи “Шаҳристон”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо нақшаи ободонӣ дар ин иншоот шинос шуда, барои тақвияти корҳои ободонӣ ба роҳбарияти ноҳия дастурҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ дар ҳудуди меҳмонхона иншооти ёрирасон бунёд шуда, барои мизоҷон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят ҳамзамон бо лоиҳаи майдони Парчами давлатӣ ошно гардида, барои такмили лоиҳа ба масъулин тавсияҳо дод. Майдони Парчам дар шафати Қасри фарҳанги ноҳия бунёд гардида, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони ин минтақаи сайёҳӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh