Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғаллаи ҶДММ “Хубҷамъ”

21 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷараёни васлу насби таҷҳизот дар корхонаи коркарди ғалла, ки аз ҷониби ҶДММ “Хубҷамъ” бунёд шуда истодааст, шинос гардид.

Тибқи иттилои масъулин корхонаи коркарди ғалла имкон дорад, ки  як шабонарӯз то 500 тонна гандумро коркард намояд. Айни замон ҷараёни насби таҷҳизот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, корхона ба таври озмоишӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Раиси вилоят ҳини шиносоӣ иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бояд аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда шавад. Дар вилоят бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва ташаббуси соҳибкорон ҳамасола корхонаҳои нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст.

Бо назардошти маҳсулоти воридотивазкунанда будани орд ба масъулин дастур дода шуд, ки барои ҳарчӣ бештар захира намудани ғалла ва ба анҷом расонидани васлу насби таҷҳизот чораҷӯӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh