Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

22 январ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят доир шуд, масъалаи уҳдадории корхонаҳо барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят дар оғози машварат иброз дошт, ки дар вилоят бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст. Саноатчиёни вилоят соли 2020-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуда, ба маблағи 15,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд ва суръати рушди саноат 117,4 фоиз таъмин гардид.

Сипас, вобаста ба вазъи соҳаи саноат муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар гузориш дод. Қайд карда шуд, ки дар соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 107 корхонаи саноатии нав бо 1570 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуд. Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук, химия, масолеҳи бинокорӣ ва хӯрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ ба маҳсулоти ватанӣ мусоидат  намуданд.

Дар соли гузашта дар вилоят 1,3 миллион тона семент истеҳсол гардида, беш аз 650 ҳазор тоннаи он содирот шудааст. Ҳамзамон 1,8 миллион тонна ангишт истихроҷ гардида, ба маблағи 283,5 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла 5,2 миллион дона ниқоби тиббӣ истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли орд низ 2,1 маротиба зиёд шуда, дар корхонаҳои ордбарорӣ 607,4 ҳазор тонна орд истеҳсол гардид. Коркард ва банду басти меваи хушк низ афзоиш ёфта, ба 5463,6 тонна расид, ки нисбат ба соли 2019 коркард 1,5 маротиба зиёд мебошад.

Дар маҷмуъ дар 650 корхонаи саноатии вилоят 220 намуди маҳсулот истеҳсол ва ё коркард мегардад.

Бо мақсади боз ҳам зиёд намудани дастовардҳо дар соли 2021 корхонаҳои калони саноатӣ, ки ҳаҷми истеҳсоли як моҳаашон аз 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад, уҳдадор мешаванд, ки бо назардошти имкониятҳо ҳаҷми истеҳсолотро афзун созанд. Теъдоди чунин корхонаҳо дар вилоят 81 адад буда, соли 2020 дар ин корхонаҳо ба маблағи 11,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст. Тибқи таҳлилу пешбиниҳои мутахассисон бояд дар соли 2021 аз ҷониби корхонаҳои калонтарин ба маблағи 15,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шавад.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаи саноат ба масъулин ҷиҳати ҳали мушкилоти ҷойдошта, истифодаи захираву имкониятҳо, иқтидорҳои истеҳсолӣ, боз ҳам бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ супоришҳо дода, изҳори боварӣ намуд, ки саноатчиёни вилоят 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh