Хуҷанд: Беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ороишӣ дар гулгашти назди меҳмонхонаи “Эҳсон" шинонида шуданд

Субҳи дирўз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва беш аз 100 нафар ҳашарчиён дар гулгашти майдони назди меҳмонхонаи “Эҳсон”-и хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири ҳамешасабз шинонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин иқдом дар доираи маъракаи сабзу хуррамгардонии 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, баҳори имсола майдони азнавсозишудаистодаро беш аз 80 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи навъи каштан, магнолия, ёси ҳиндӣ, гулбуттаи бересклет оро медиҳанд ва он ба мавзеъи истироҳату фароҳати шаҳрвандон мубаддал хоҳад шуд.

Тибқи нақша-чорабиниҳои созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гулгашти ҳудуди меҳмонхонаи "Эҳсон" то рузҳои таҷлили Наврузи байналмилали 2021 ба макони истироҳату фароғати шаҳрвандон табдил мегардад.

Алҳол дар ин корзори бунёдкорӣ беш аз 20 нафар сохтмончиёни ҶДММ "Хушофар" меҳнати ободкоронаро анҷом дода истодаанд. Аллакай роҳравҳи ин мавзеъ бо ороиши хос сохта шуда, дар ояндаи наздик беш аз 20 адад нишастгоҳҳо насб карда мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи тавсияи мутахасисон беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда,  ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохтори ободониро ба боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонӣ дар мавзеъи мазкури шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh