Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ашт

10 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар хоҷагии деҳқонии ба номи Д. Қобилови  Ҷамоати деҳоти Ашт ба кишти картошкаи барвақтӣ оғоз бахшид.

Хоҷагии мазкур соли 2007 ташкил шуда, дорои 1,42 га замини корам аст, ки соли ҷорӣ дар 1 гектари он кишти картошкаи барвақтӣ гузарнида мешавад.

Ба иттилои масъулин кишоварзони хоҷагӣ аз тухмии картошкаи маҳаллӣ истифода бурда, интизор доранд, ки ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо хоҷагидорон барои истифодаи самараноки замин ва сари вақт ба анҷом расонидани кишти картошкаи барвақтӣ тавсияҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Сарахси-бобо” шинос гардид. Хоҷагии “Сарахси-бобо” низ соли 2007 ташкил ёфта, дар он 20 нафар саҳмдор, аз ҷумла 7 нафар занҳо фаъолият намуда истодаанд.

Хоҷагии деҳқонии “Сарахси-бобо” дорои 22 га боғот буда, дар 18 га зардолуи навъҳои “Мирсанҷалӣ”, “Руҳи ҷавонон”, “Исфарак”, “Арзамии калон” парвариш карда мешавад. Дар 4 гектари дигар боғи гелос бунёд гардида, ҳамасола даҳҳо тонна ҳосил рӯёнида мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh