Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди иншооти ҷашнӣ дар Истаравшан

11 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Боиси зикр аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бунёд, таъмир ва навсозии беш аз 450 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар баробари маблағгузории Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр соҳибкорон низ дар бунёди иншооти мухталиф саҳми арзанда мегузоранд.

Масалан, дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалол аз ҷониби соҳибкор Аскар Эшонов кӯдакистони замонавӣ сохта шуда истодааст,  ки барои 200 кӯдак пешбинӣ мешавад. Маълумот дода шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи томактабӣ беш аз 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии иншооти ҷашнӣ Раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулинро барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ҷалб намуд.

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак» ошноӣ пайдо намуд. Бинои мазкур дар деҳоти Зарҳалол дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст. Ба Раиси вилоят маълумот доданд, ки бинои нав барои 50 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Аснои шиносоӣ тавсия дода шуд, ки дар саҳн ва гирду атрофи бино дарахтони нодири ороишӣ шинонида шуда, ба корҳои сабзкорӣ вусъат бахшида шавад.

Дар деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд ба масъалаи ободонии роҳҳои мошингард низ таваҷҷуҳ намуда, дар ин замина дастур дод, ки дар доираи корҳои созандагӣ ҳолати роҳҳо низ беҳтар ва бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин карда шавад. Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Истаравшан ба масъалаи таҷдиду навсозии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта диққати хоса дода мешавад. Айни замон бо ҷалби мутахассисон роҳҳои мошингард барои мумфаршкунӣ омода карда шуда, рузҳои наздик корҳои мумфаршкунӣ оғоз мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh