Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

16-уми феврали соли равон дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии марказии вилоят нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ беш аз 70 нафар кормандону намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояту ҷумҳурӣ ширкат варзида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2020 маълумоти зарурӣ гирифтанд.

Раиси вилоят ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини  рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул  ҳамаи захираву имкониятҳо ҷалб карда шуданд.

Новобаста аз он, ки паҳншавии пандемияи “Коронавируси КОВИД-19” ба иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ба иқтисодиёти вилоят хисороти калон расонид, дар натиҷаи иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодии вилоят, ҳамчун қисми таркибии иқтисодиёти миллӣ, таъмин карда шавад.

Дар натиҷа, рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 миллиард сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд.

Ба таъсири омилҳои манфӣ нигоҳ накарда, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 миллиарду 821,0 миллион сомонӣ расониданд, ки баробари 110,5 фоизи ҳамин  давраи соли гузашта мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ҳамагӣ 351,4 ҳазор тонна, аз ҷумла гандум 139,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2019 мутаносибан 5,9 ва 10,9  фоиз зиёд мебошад.

Дар соҳаи растанипарварӣ дар соли 2020 ҳамагӣ 561,2 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 171,9 ҳазор тонна пиёз, 512,1 ҳазор тонна картошка, 151,8 ҳазор тонна полезӣ, 139,4 ҳазор тонна мевагӣ ва  50,6 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шуд.

Дар соҳаи чорводорӣ 66,6 ҳазор тонна гӯшт, аз ҷумла 9,6 ҳазор тонна гӯшти паранда, 273,0 ҳазор тонна шир, 594,6 млн. дона тухм, 1458,5 тонна асал ва 1550 тонна пашм истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2019 суръати афзоиш гӯшт 113,5 фоиз, аз ҷумла гӯшти паранда 3,4 маротиба, шир 101,4 фоиз, тухм 138,3 фоиз, асал 103 фоиз, пашм 102,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар самти таъмини рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилоят дар соли 2020 истеҳсоли моҳӣ ба 869,7 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2019  2,4 баробар зиёд аст.

Дар соли 2020 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ новобаста аз мушкилотҳои ҷойдошта фаъолияти мунтазам ба роҳ монда шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар ин давра дар ҳаҷми 1 миллиарду 279,9 миллион сомонӣ азхуд шуд ва ба маблағи 506 миллион сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуданд.

Ҳамагӣ ба маблағи 1 миллиарду 8,9 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, суръати афзоиш нисбат ба соли сипарӣ 134,2 фоиз таъмин гардид.

Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 434,4 ҳазор  метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, барои 660 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, барои 510 ҷой дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва 307 кат дар шифохонаҳо иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Дар соли гузашта 2495,5 километр роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 184,7 километр таъмири асосӣ, 1017,7 километр таъмири ҷорӣ ва 1293,1 километр шағалпўш мебошад. Барои ин корҳо аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҳамагӣ 82,1 миллион сомонӣ маблағ равона гардид. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети вилоят 23,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо ва 29,3 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси вилоят аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд.

Тибқи нақша дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидаанд.

Дар соли 2020 бунёд ва таъмиру таҷдиди 1926 иншоот ба нақша гирифта, амалан то ин давра 1972 иншоот ба истифода дода шуд, ки 102,4 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода, нақшаи умумӣ 83,3 фоиз иҷро шудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2020 ба 1 миллиарду 667,6 миллион доллари амрикоӣ аз ҷумла, воридот 1 миллиарду 313,8 милион доллари Иёлоти Муттаҳиди Амрико ва содирот 353,8 миллион доллари амрикоӣ ташкил менамояд.

Бо баробари таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулотҳои хушсифати кишоварзӣ дар соли 2020 95783 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 14,8 милион доллари амрикоӣ содирот карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 21470 тонна ва ба маблағи 4,5 млн. доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Дар ин давра 3225 тонна зардолу, 1147 тонна ангур, зиёда аз 1200 тонна тармеваҳо, 19487 тонна хушкмева ва 69088 тонна пиёз содирот карда шуд.

Баҳри беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуда, дар соли 2020 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 240,9 миллион доллари Иёлоти Муттаҳиди Амрико сармоягузориҳо, аз ҷумла 183,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 57,5 миллион доллар сармояи дохилӣ ҷалб гардидааст.

Сипас, Раиси вилоят ба саволҳои журналистон Ҷовиди Аштӣ, Ҳалим Ҷӯраев, Мамадназир Келдиев, Қамари Аҳрор, Афзал Босолиев, Мафтуна Шукурова, Ӯғулой Раҷабова, Мастона Муҳидддилоҳода, Баҳром Файзуллоев, Толиб Карими Озарахш, Дадохони Эгамзод, Ӯрунбой Усмонов, Фарзон Муҳаммадӣ, Ҷамшеди Маъруф, Раънои Муҳаммад ва дигарон вобаста ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, баррасии муроҷиатҳои сокинон посух гуфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh