Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

15 феврали соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд иштирок намуд.

Дар маҷлис, ки бо ҳузури муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, аъзои кумиҷроияи вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, раисони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, бонувон, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб сурат гирифт, аз фаъолияти яксолаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд натиҷагирӣ карда шуд.

Раиси вилоят, узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолият буда, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз калонтарин ташкилоти ҳизбӣ дар миқёси кишвар маҳсуб меёбад.

Алҳол дар 1365 ташкилоти ибтидоии кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят 150 ҳазору 595 нафар аъзо ба қайд гирифта шудааст, ки бешубҳа, ин нерӯи хеле бузург аст.

Фаъолияти густурдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо шаҳодат медиҳанд, ки он бо  ғояҳои тоза ва стратегияҳои судманд вориди ҷомеаи муосири тоҷик шуда,  манфиатҳои мардумро ифода мекунад.

Дар кори маҷлис Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба фаъолияти ҲХДТ дар вилояти Суғд  дар соли сипаришуда ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои ҳизб 4948 нафар зиёд гардида, ба 150 ҳазору 595 нафар расид. Аз ин шумора 84 ҳазору 284 нафарро занон ва 57 ҳазору 425 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон оид ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар вилояти Суғд андешаҳои худро баён дошт.

Дар идома нақшаи кории кумиҷроияи вилоятӣ барои нимсолаи аввали соли 2021, нақшаи чорабинӣ вобаста тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ тасдиқ гардида, ҳамзамон ба ҳайати кумитаи иҷроияи ва Раёсати кумиҷроияи вилоятӣ тағйироти кадрӣ ворид гардид. Ҳамин тавр Мадина Салимзода муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Абдусабур Абдуваҳҳобов сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” таъин гардиданд.

Дар фарҷом якчанд фаъолони ҳизб, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти босамар нишон додаанд, бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва Ккумитаи иҷроияи вилоятӣ қадршиносӣ гардидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh