ДУ НАМУДИ АНДОЗ ТАЪМИН НАГАРДИД

 

 

 

Дирӯз дар маҷлисгоҳи Раёсати андоз дар вилояти Суғд бо иштироки васеи намояндагони васоити Суғд бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Сараввал сардори Раёсат Абдуқаюм Воҳидов оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти андоз дар вилоят тайи соли 2020-ум маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлат дар вилоят барои соли 2020 ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 2 миллиарду 908 миллион сомонии пешбинишуда ба буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 2 миллиарду 928,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ин нисбат ба нишондиҳандаи нақшавӣ ва соли 2019 –ум 14,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва Ҷаббор Расулов дар ҳамаи дигар минтақаҳои вилоят нақшаи аниқшуда таъмин гардид.

Тибқи маълумот, аз рӯи сифатнокӣ нақшаи пешбинишудаи ду намуди андоз таъмин нагардид, аз ҷумла андоз аз фоида наздик 86 фоиз ва индози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 90,8 фоиз, ки аз ҳисоби ин сарчашмаҳо ба буҷети давлатӣ зиёда аз 135 миллион сомонӣ маблағи андозҳо ворид нагардид. Бақияи қарзи андозҳо дар миқёси вилоят ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 маблағи 135,7 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба андозаи 30, 4 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар соли сипарӣ аз ҷониби мақомоти андози вилоят 7086 субъекти хоҷагидор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба онҳо ба сифати ҷазо ба маблағи умумии 21 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, шумораи протоколҳои маъмурӣ нисбат ба соли гузашта 1206 адад ва маблағи ҷаримаи татбиқшуда 208 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Аз ҳисоби ҷаримаҳои таъингардида ба буҷети давлатӣ 18,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки 88, 2 фоиз мебошад.

- Нисбат ба андозсупорандагоне, ки дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ва баҳисобгирии молиявӣ ба қонунвайронкунӣ ва пинҳонкунии андозҳо ба маблағи нисбатан калон роҳ додаанд, тибқи талаботи қонунгузории андоз, барои чораҷӯии минбаъда ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 32 маводи санҷишӣ ба маблағи 7,7 миллион сомонӣ ирсол гардида, дар рафти санҷишҳои муштарак беш аз 6 миллион сомонии он ба буҷети давлатӣ рӯёнида шуд, - изҳор дошт сардори Раёсат. Д

ар фарҷоми нишаст рӯзноманигорон ба масъулини Раёсати мазкур суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh