403 ИНШООТ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ нишасти матбуотии раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм баргузор гардид.

Дар нишаст намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - сардори Раёсати фарҳанги вилоят Бахтиёр Қосимов, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, рушду бурду бохт дар самти саноат, соҳаи фарҳангу маориф, молияву андоз ва дигар соҳаҳои мухталифи ҷомеа ҳисоботи мухтасар дод.

Аз ҷумла, Муқим Муродзода қайд намуд, ки барои нигоҳдошти роҳи Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми имконоти мавҷударо истифода мекунад ва барои дар сатҳи зарурӣ қарор додани роҳи мазкур ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархосту пешниҳодот ирсол гардидаанд, ки дар ояндаи наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.

Гуфта шуд, ки соли 2020 сокинони ноҳияи Айнӣ тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои арзанда ноил гардида, баҳри татбиқи сиёсати созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон саъйу талош намуда, ба дастовардҳои шоиста ва назаррас ноил гардиданд. Бо мақсади амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ дар маҷмуъ бунёди 499 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

- То имрӯз 403 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки 80,7 фоизи нақшаи чорабиниҳоро ташкил медиҳад. Сипас, раиси ноҳия ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва нақшаҳо барои солҳои минбаъда посух дод.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh