Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди фермаи парандапарварӣ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Хушекат бо рафти бунёди фермаи парандапарварии соҳибкор Шарофқул Ҳасанов шинос гардид. Фермаи мурғпарварӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ бо харҷи зиёда аз 2,5 млн. сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.

Барои фаъолияти босамари ферма биноҳои ёрирасон аз ҷумла, анбор барои захираи 50 тонна хурока дар масоҳати 65 метри мураббаъ, анбори маҳсулоти хом дар масоҳати 25 метри мураббаъ, сардхона дар масоҳати 21,4 метри мураббаъ ва бинои маъмурӣ дар мсоҳати 96 метри мураббаъ сохта шудааст.

Дар фермаи мазкур то 20 000 сар паранда парвариш карда шуда,  дар назар аст, ки дар он 15 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо сохтмони ферма барои парвариши моли калон, ки аз тарафи соҳибкор Музаффар Қозиев бунёд шуда истодааст, ошно гардид.

Бино ба иттилои масъулин масоҳати умумии қитъаи замини ҳудуди ферма 8 га буда, фермаи мазкур бо харҷи зиёда аз 2,5 млн. сомонӣ сохта мешавад. Корҳои сохтмонии фермаи мазкур моҳи ноябри соли 2020 аз ҷониби ҶДММ «Дилсоф»  оғоз гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 40 нафар бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин карда хоҳанд шуд.

Тибқи лоиҳа ҳамзамон бинои мавҷудаи нигоҳдории  чорвои калон барои 200 сар бо дарозии 78 метр азнавсозӣ карда мешавад.

Дар заминҳои ҳудуди ферма инчунин дар майдони 1 га бунёди боғи интенсивии олу ва зардолу ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулин барои бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда ба итмом расонидани корҳо дастуру супоришҳо дода, ҷиҳати тақвияти корҳои ободонӣ вазифагузорӣ намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh