Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ

17 феврал Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ бо ҷараёни сохтмони майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.

Бунёди майдонҳои Парчам ва Нишони давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷойгир буда, масоҳати майдон 1726 метри мураббаъро такшил медиҳад. Фармоишгари иншооти мазкур мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Айнӣ, пудратчӣ ҶДММ “Зарафшон Сохтмон” ва лоиҳакаш КФ КВД «Лоиҳакаш»  дар вилояти Суғд мебошанд.

Тибқи лоиҳа дар майдон сутунпояи Парчам бо баландии  50 метр гузошта шуда, бо тарҳи хоса фаввораҳо низ бунёд хоҳад шуд. Ҳудуди майдон пурра чароғон карда шуда, бо масоҳати  зиёда аз 750 метри мураббаъ  сафолакпӯш карда мешавад.

Майдони Нишонӣ давлатӣ бошад дар кӯчаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ-58  ҷойгир буда, дар масоҳатӣ 790 метри мураббаъ сохта шуда истодааст.

Тибқи лоиҳа  дар миёнаи майдон сутунпояи нишон  бо баландии 22 метр гузошта шуда, ҳудуди он сафолапӯш гардида, дарахтони ороишӣ шинонида мешавад.

Раиси вилоят барои иҷрои босифати корҳо, кабудизоркунии ҳудуд ва атрофи иншоот, тақвияти корҳои ободонӣ ба масъулин супоришҳо дода, изҳори боварӣ намуд, ки бо бунёди майдонҳои нав симои маркази ноҳия боз ҳам зеботар хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh