COVID – 19 ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҚУРБИ АСЪОРИ МИЛЛӢ

- Соли сипарӣ барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ соли вазнин буд, зеро бо таъсири бемории коронавирус дар бисёр давлатҳо пастравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мушоҳида карда шуд. Ин омилҳо ба кишвари мо - Тоҷикистон, ки қисми таркибии иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад, албатта, таъсир расонид. Маҷмӯи маҳсулоти Тоҷикистон дар соли сипарӣ 82,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 - ум 4,5 фоиз зиёд шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наврӯз Валиев.

Доир ба нишондиҳандаи сатҳи таваррум қайд гардид, ки нишондиҳандаи асосии кишвар сатҳи таваррум мебошад. Сатҳи ҳақиқии таваррум дар соли сипарӣ 9,4 фоиз буд, ки ин нисбат ба нишондиҳандае, ки дар дар як сол муайян карда буданд, 1,4 фоиз зиёд мебошад.

- Новобаста аз омилҳои мавҷуда низоми қарзии вилоят барои дар амал тадбиқ намудани ҳамаи вазифаҳо аз ҷумла, ҷалби сармояи дохилӣ - хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарзӣ ба иқтисодиёт, паст кардани фоизҳои қарзӣ, васеъ истифода бурдани усулҳои кооперативии идоракунии ташкилотҳои қарзӣ, кам кардани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол, такмили санаду ҳуқуқу меъёрҳое, ки дар ташкилотҳои қарзӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон истифода мебаранд ва осон кардани механизми хизматрасонӣ ба мизоҷон як қатор корҳоро ба анҷом расониданд, - гуфт Наврӯз Валиев.

Оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии вилоят гуфта шуд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии вилоят дар соли сипаришуда 21,6 миллиард сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 фоиз зиёд аст. Сатҳи таваррум дар вилоят 9,3 фоизро ташкил намуд, ки ин 1,4 фоиз зиёд аст. Дар натиҷаи таъсири омилҳо баланд шудани нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ ба мушоҳида расид. Ба ҳисоби миёна нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар соли сипарӣ 16,1 фоиз зиёд гардид. Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ 4,2 фоиз ва нархи хизматрасонӣ 1,2 фоиз зиёд шуд.

- Яке аз вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон ин нигоҳ доштани қурби пули миллӣ мебошад. Соли гузашта дар бозори асъор фишороварӣ ба қурби пули миллӣ эҳсос карда шуд ва ин ҳолат ба он оварда расонид, ки қурби пули миллӣ нисбат ба доллар 16,6 фоиз ва эвро 28,1 фоиз коҳиш ёфт, нисбат ба пули русӣ қурби пули миллӣ 3,5 фоиз зиёд гардид. Яке аз омилҳои асосие, ки ба қурби пули миллӣ таъсир мерасонад, ин ҳолати тавозуни савдои вилоят ба ҳисоб меравад. Кам шудани содирот ва воридоти мол низ ба мушоҳида расид, - таъкид кард Наврӯз Валиев.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд саволу ҷавоб доир намуданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh