Татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати партовкашонӣ дар шаҳри Бӯстон ва воридсозии техникаҳои нав

Дар доираи ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ барои баровардани партовҳои маишӣ дар шаҳри Бӯстон чор адад техникаи нави партовкашонӣ ворид карда шуд.

Зимни муаррифии техникаҳо ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки масъулини ҶДММ “Билол-2017” бо хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр шартномаи ҳамкорӣ баста, бо истифода аз техникаҳои нав хизматрасонии коммуналиро ба роҳ мемонад.

Тибқи иттилои масъулин лоиҳаи беҳтар намудани ҳолати партовкашонӣ дар шаҳри Бӯстон дар ду марҳила амалӣ гардида, дар марҳилаи аввали он бо харҷи 13,7 миллион сомонӣ харидории нақлиёти зарурӣ ва гузоштани қуттиҳои махсус барои партов дар назар дошта шуда буд, ки он амалӣ гардид.

Дар марҳилаи дуюм бунёди корхонаи коркарди партов ба нақша гирифта шуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст.

Боиси зикр аст, ки ба роҳ мондани хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла баровардани партов аз ҷониби бахши хусусӣ таҷрибаи нав буда,  роҳбарияти ҶДММ “Билол-2017” тасмим дорад, ки дар оянда фаъолияти хешро боз ҳам густариш бахшад.

Раиси вилоят барои тозагиву ободонии шаҳр дар назди масъулин вазифагузорӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки техникаҳои нав баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва некуаҳволии сокинони шаҳр мусоидат менамояд.

Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Бӯстон, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ шинос гардида, барои тақвияти корҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh