МАҚСАД: СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ ТАЙЁР

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26-уми январи соли равон дар толори калони «Кохи Сомон» ироа гардид, ба самтҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар нигаронида шудааст.

Пешвои миллат зикр доштанд, ки иқтисодиёти кишвар соли сипарӣ 4,5 фоиз ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоиз зиёд гардида, ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ дар ҳудуди мамлакат беш аз сесад корхонаи саноатӣ ба истифода дода, дар баробари ин барои сокинони кишвар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Бо афзун шудани шумораи корхонаи саноатӣ ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ номгӯи маҳсулоти саноатӣ низ афзуд. Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар ҳоле ки соли сипарӣ саросари ҷаҳонро фаро гирифтани бемории коронавирус вазъи иқтисодиву иҷтимоии аксари давлатҳои кураи замин рӯ ба таназзул ниҳод, аммо дар кишвари мо вазъи иқтисодиёт беҳтар гардид.

Дар қатори дигар корхонаҳои абарқудрати истеҳсолӣ корхонаи Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «САТН», ки дар маркази вилоят фаъолият мебарад, соли сипариро бо натиҷаҳои мусбӣ ҷамъбаст намуд. Дар ин бобат директори генералии коргоҳ Илҳом Бобоев чунин иброз дошт: - Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи саноатикунонии мамлакат чунин омадааст: «Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд». Мо низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки технологияҳои нави муосирро ворид сохта, аз ашёи хоми ватанӣ ба пуррагӣ истифода барем ва маҳсулоти хешро барои содирот омода созем. Аслан коргоҳ аз соли дуҳазорум инҷониб фаъолият дошта, он дар миқёси вилоят яке аз коргоҳи пуриқтидортарин ба шумор меравад.

Баробари ворид гардидани ашёи хом истеҳсоли ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ, дӯзандагӣ, шустушӯӣ ва пардоздиҳию дарзмолкунӣ дар ҳамин мавзеъ ба анҷом мерасад. Аз матои ҷинсии Деним, ки дар ҳамин коргоҳ омода гардидааст, шиму курта, костюм, нимтана, шортӣ барои занону мардон ва кӯдакон мувофиқи талаботи мӯди замони муосир дӯхта мешаванд. Мо ҳамроҳи мудири шуъбаи кадрҳо Шоира Ғиёсова вориди сехи ресандагӣ гардидем. Таҷҳизотҳои абарқудати ресандагии истеҳсоли ширкатҳои Италия ва Германия бо иқтидори пурра фаъолият доштанд. - Ашёи хом – пахтаро аз куҷо дасрас мекунед? – мепурсам аз сартехнологи сехи истеҳсолии ресандагӣ Икром Шерматов. - Мо асосан ашёи хомро аз корхонаҳои коркарди пахта дастрас менамоем. Соли сипарӣ бо корхонаҳои коркарди пахтаи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Мастчоҳ ва Зафаробод шартномаи тарафайн баста, ба маблағи 85,245 миллион сомонӣ ашёи хоми ватанӣ ба коргоҳ ворид сохтем.

- Тавре қаблан қайд намудам, - гуфт зимни суханронӣ И. Бобоев, - бо ҷонибдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи хоми ватаниро васеъ истифода мебарем. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори хоса додан ба соҳаи кишоварзӣ ва коҳиш додани воридоти ашёи хом ба мо, саноатчиён шароит фароҳам овард, ки аз маҳсулоти ватанӣ васеъ истифода барем. Айни ҳол ба зиёд намудани заминҳои кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб вусъат додани истеҳсоли «тиллои сафед» эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааст ва ин имконият фароҳам меорад, ки аз маҳсулоти ватанӣ бештар истифода мебарем. Соли равон дар майдони ҳашт ҳазору чорсад гектар кишти пахта ба анҷом расонида, деҳқонони забардаст ба миқдори мутаносибан 126011,8 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд. Ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои саноатии коркарди вилоят дарозои соли сипарӣ ба андозаи 11418,4 миллион сомонӣ ба анҷом расида бошад, аз ин 752,2 миллион сомониаш истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва 243,3 миллион сомониро дӯзандагӣ ташкил медиҳад.

Дар ҶДММ «САТН» соли 2018- ум 764 тонна, ду соли минбаъда ба андозаи 660 тонна ва 647 тонна ришта истеҳсол гардидааст. Ҳамчунин истеҳсоли матоъ дар соли 2020 – ум ба андозаи 1606 метри тӯлонӣ ва соли 2019-ум бошад, 1317 метри тӯлонӣ ва 846 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагӣ омода шудааст. Мудири шуъбаи кадрҳо Шоира Ғиёсова иброз медорад, ки соли сипарӣ барои ҷаҳониён, метавон гуфт, соли вазнин буд, зеро бемории COVID-19 мардуми рӯи заминро ба таҳлука андохт, аммо тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ табибону дигар дастандаркорон заҳмат кашиданд. Коргоҳи мо низ дар ин давра ба миқдори 1341,90 ҳазор дона ниқоб дӯхта, содирот намуд.

Содироти маҳсулот дар соли сипарӣ дар умум 83,725 миллион сомониро дар бар гирифта, аз он 14,985 сомониаш аз ҳисоби ниқоб мебошад. Сартехнологи сехи истеҳсоли ресандагӣ Икром Шерматов дар бораи фаъолияти ин бахш чунин иброз дошт: - Бахши истеҳсоли ришта аз соли 2014-ум инҷониб фаъолият мебарад ва дар ин ҷо дастгоҳҳои истеҳсоли Италия ва Германия насб гардида, дар се баст наздик 70 нафар фаъолият доранд. Мо асосан пахтаро аз корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Мастчоҳу Зафаробод қабул мекунем. Асосан ба чӣ бояд аҳамият дод? Бештар ба сифати пахта, ранг ва тозагии он аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Қаблан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ тухмии худӣ, ба монанди «Самарқанд – 30» истифода мебурданд. Мутаассифона, алҳол на дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маҳсулнокӣ, вазн ва сифати пахта аҳамият медиҳанд.

ҶДММ «САТН» қабл аз шартномаи тарафайн бастан бо корхонаҳои коркарди пахта ашёи хомро дар лаборатория санҷида, пасон қабул менамояд, зеро сифат, ранг ва тозагии маҳсулот ҷавобгӯи талаботи истеҳсолот бошад, танҳо пас аз он метавон риштаро мувофиқи матлаб гирифт. Вобаста ба фасли сол нахи риштаро ғафс ва ё борик менамоем. Агар ришта борик бошад, моҳе ду то дуюним тонна ва агар нахи он ғафстар бошад, аз се то сеюним тонна ришта истеҳсол мешавад, - гуфт зимни суҳбат И. Шерматов. ҶДММ «САТН» асосан ба пахтаи сафед ниёз дорад.

Мутаассифона, соли гузашта тухмие, ки аз давлати Хитой дастрас гардид, равғаннокиаш хеле паст буд. Дар масъалаи сифати тухмӣ деҳқони асил аз ноҳияи Мастчоҳ Абдусамӣ Раҳимов иброз дошт, ки дар даврони шӯравӣ мо асосан ба тухмии худӣ такя менамудем, аммо солҳои охир ба тухмии навъи Хитой бештар аҳамият медиҳанд, ки мутаассифона гарчанде ду соли аввал ҳосинокӣ хуб бошад ҳам, аммо дар солҳои минбаъда аз ҷиҳати сифат ва равғаннокӣ коста мегардад. Намояндаи коргоҳ шиква аз сифати пахта намуда, қайд кард, ки аксар корхонаҳои коркарди пахта дар анҷоми сол ба таъмиру тармими дастгоҳҳо пардохта, ба мавсими минбаъда омодагии ҳамаҷониба мебинанд. Аммо давоми фаъолияти минбаъдаашон ба таҷҳизот беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Дар натиҷа гоҳе сифати коркарди пахта паст мегардад, ки ин ба истеҳсолот низ таъсири манфии хешро мерасонад. Пешвои муаззами миллат дар ҳар як вохӯриву мулоқот бо саноатчиён ҷиҳати истифодаи ашёи хоми ватанӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд ва дар суханрониашон ҳамин нуктаро қайд мекунанд.

Фаъолияти коргоҳи номбурда низ аз коркарди ниҳоии пахта то ба маҳсулоти тайёр мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар коргоҳ дар як рӯз чор ҳазор адад ва дар як моҳ 80000 дона маҳсулоти тайёр мебошад. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ба талаботи харидорон ва бозори ҷаҳонӣ пурра мувофиқ гардонида шудааст. Коргоҳ соҳиби Сертификати Байналхалқии ИСО – 2009 буда, инчунин ба ҳар як маҳсулоти содиротшуда Сертификати Мутобиқат пешниҳод карда мешавад. Маҳсулоти ҶДММ «САТН» дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявии бо номи «Маҳсулоти беҳтарин», ки дар пойтахти ҷумҳуриамон баргузор шуд, соҳиби Шаҳодатномаи Маҳсулоти беҳтарин гардидааст.

Директори генералӣ И.Бобоев дар хотима иброз медорад, ки аз ҷониби Пешвои маҳбуби миллат саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардид ва мо низ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ба роҳ мондани намудҳои нави маҳсулот ва хатти нави технологияи замонавӣ, барои истеҳсоли бофандагӣ таҷҳизоти муосир, дастгоҳҳои шустушӯиву мошинаҳои дӯзандагиро аз ширкатҳои пуриқтидори давлатҳои хориҷ харидорӣ ва насб намоем.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh