ИСТЕҲСОЛОТИ МОИ «СУҒД»: НАҚЛИЁТ БАРОИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

- Боиси хурсандӣ аст, ки моҳи марти соли 2020 дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсолкунандаи профилҳои пластикӣ – ҶДММ «Афранг Пластик» ва филиали Хантана Канада ИНК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо коркард, бастубанд ва содироти асал машғул аст, ифтитоҳ намуда, барои пешбурди соҳаи саноат замина гузоштанд, - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон сардори Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Илёсиддин Камолиддинзода.

Соли гузашта маъмурият бо субъектҳои амалкунандаи минтақа, бобати ҳаллу фасли мушкилиҳои ҷойдошта ҷиҳати татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, даъвати муассисон ва мутахассисони хориҷии онҳо корбарӣ намуд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ва баргузор намудани гуфтушунидҳо бо муассиси ҶДММ «Азияполитекс», ки тӯли 2 сол корҳои сохтмонӣ дар ин субъект боз дошта шуда буданд, аз моҳи декабри соли 2020 корҳои сохтмониро оғоз намуд. Ҳамчунин, корҳои сохтмонӣ дар ҶДММ «Донаи алмос», ки барои коркард ва бастубанди хушкмева лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод намудааст, бомаром идома дорад. Чунин корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизоти истеҳсолӣ дар ҶДММ «Оҳанкор», ки аз ҷониби сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсиси дода шуда, маблағи сармоягузориаш зиёда аз 2 миллион доллари амрикоӣ мебошад, низ идома дорад.

Бояд қайд намуд, ки теъдоди субъектҳои бақайдгирифтаи МОИ «Суғд» айни замон 30 адад буда, 14 субъект бо фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғуланд.

Имрӯз ҶСК «Ариана метал-пласт», ки роҳбариашро Дилором Умарова ба уҳда дорад, ба истеҳсоли фойтунча, мошинча ва пойгардаку дигар нақлиёти барои кӯдакону наврасон мувофиқ машғул аст. Дар коргоҳ наздик 100 нафар машғули истеҳсол буда, бо шароити хуби корӣ ва музди маош таъминанд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ба кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон содирот шуда, харидорони зиёд дорад. Дар МОИ «Суғд» аз оғози фаъолият миқдори умумии ҷойҳои корӣ 668 нафар аст, ки нисбат ба соли 2019-ум 69 нафар зиёд мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки дар моҳҳои январ – декабри соли 2020 аз ҷониби субъектҳои минтақа ба буҷети давлатӣ 4,4 миллион сомонӣ андози даромад ва иҷтимоӣ пардохт шудаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 1,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Соли 2020 ҳаҷми пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби субъектҳои минтақа ба 21 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2019-ум 0,6 миллион сомонӣ ё 2,9 фисад зиёд аст.

- Баробари муътадил гаштани ҳолати эпидемиологию беҳдоштӣ бо истифода аз таҷрибаҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи муаррифии минтақа, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳо ва ҷойҳои нави корӣ, таъмини ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад, - гуфт Илёсиддин Камолиддинзода.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh