НОРАСОИИ МУТАХАССИСОН ЭҲСОС МЕГАРДАД

Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ дар шаҳри Истиқлол бахшида ба Иди Cаиди Қурбон бо иштироки як қатор рӯзноманигорони вилоят собиқадорони меҳнате, ки тӯли чандин сол фаъолияти пурсамар доштанд, аёдат шуданд. Баъдан дар маҳаллаи Меҳнатобод бо ширкати раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷурналистон ва сокинони маҳал майдончаи бозии бачагона ба истифода дода шуд.

Сипас дар Қасри фарҳанги шаҳр Даврон Зоҳидзода дар баробари пазироии самимии кулли хабарнигорони васоити ахбори умум мухтасар аз фаъолияти соҳоти хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли равон гузориш дод. Бино ба гуфти раис, дар шаш моҳи аввали соли 2021 қисми даромади буҷети давлатӣ 108 фоиз иҷро ва ба буҷет 10 миллиону 377,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Суръати афзоиш дар корхонаҳои саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 109,5 дарсадро ташкил дод, ки шоҳиди пешравист.

Дар нимсолаи аввал сармояи асосӣ ба маблағи 2 миллиону 240,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 124,8 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Аз ҷумла, фондҳои асосӣ ба маблағи наздик 2 миллион сомонӣ ба кор андохта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,5 фоиз аст. Нақшаи қисми даромади буҷет 114,3 фоиз иҷро гардид. Мавриди истифода қарор гирифтани чандин корхонаҳои муштарак бо ширкатҳои хориҷӣ даст медиҳад, ки ҳаҷми содироти маҳсулот сол то сол тамоили афзуншавӣ касб карда, ҳамзамон фарогири кишварҳои зиёди хориҷии наздику дур бошад. Раиси шаҳр аз вазъи тамоми соҳоти шаҳр маълумот дода, афзуд, ки норасоии мутахассисон, аз ҷумла табибону омӯзгорон онҳоро ба ташвиш овардааст.

Инчунин қайд кард, ки дар ин самт мутахассисони ҷавонро ба кор ҷалб сохта, онҳоро ҳавасманд менамояд. –Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар самти бунёд ва таъмири иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва анҷоми дигари корҳои созандагӣ идома доранд. Инчунин, сохтмони боз як кӯдакистони замонавӣ ба нақша гирифта шуда, то ҷашни миллӣ ба истифода дода мешавад. Нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ иборат аз 130 банд буда, то ин давра 122 банди он амалӣ шуд ва боқимонда дар арафаи анҷомёбист, гуфт раиси шаҳр.

Дар соҳаҳои маориф, фарҳангу варзиш низ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шуд ва имрӯз таваҷҷуҳи масъулин ба он равона гардидааст, ки дастовардҳоро дар ҳама самт дучанд карда, нуқсону ноҷӯриҳоро аз байн бардоранд.

Аз 127 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр 126 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки 99 фоизро ташкил дода, беҳтарин нишондиҳанда маҳсуб меёбад. 18 нафар тариқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар дохил гардиданд. Баъдан хабарнигорон оид ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва имрӯзу фардои шаҳр суолҳои худро ироа доштанд.

 Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh