КОРГОҲҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ, МАВҚЕИ ОНҲО ДАР ТАШКИЛИ ҶОЙҲОИ КОРӢ

Дар Паёми хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самтҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат оид ба пешбурди самтҳои манфиатбахш, сиёсат, таъмини пешрафти соҳаи иқтисодиёт, аз ҷумла энергетика, роҳу нақлиёт, саноат, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳадафҳои асосии стратегии кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои баланд масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳама самт, алалхусус дар соҳаи саноат ба натҷаҳои баланд ноил гардиданд. Сохтмон, бунёд ва баистифодадиҳии корхонаҳои саноатӣ боиси зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва таъминоти бозори дохилӣ бо масолеҳи баландсифату дастрас гардидааст. Баробари ин сокинон бо ҷойи кории доимӣ ва музди маоши баланд таъмин шуда истодаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ноҳияи Айнӣ 11 корхонаи хурду бузурги саноатӣ, аз ҷумла, ҶДММ “Заробод”, ҶДММ “Шамтуч”, ҶДММ “Мустафо 2013”, ҶДММ “ТАЛКО Ресурс”, корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб”, ҶДММ “Комбинати Анзоб”, ҶДММ “Комбинати металли тоҷик”, Корхонаи фаръии “Шахтаи Фон Яғноб” ва амсоли ин мавҷуданд, ки бо истеҳсоли маҳсулот ва ашёи гуногун, ба монанди истихроҷи ангишт, симоб, металли сурмаи симоб, хишту семент, обҳои ташнашикан ва шарбати мева, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва амсоли ин фаъолият мебаранд.

Тавре мутахассиси пешбари бахши саноат, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Фарҳод Умаров иттилоъ дод, саноатчиёни ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 901744,1 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176398,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 124,3 фоизро ташкил менамояд. Нишондиҳандаи маҷмуи маҳсулоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти асосии саноатӣ, раванди содироти маҳсулоти саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда беҳтар гаштаанд. Истеҳсоли консентрати 30 фоизаи сурмаю симоб 29830,92 тоннаро (968,69 тонна кам) ташкил медиҳад. Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунанда 4760,64 металли сурма, зиёда аз он 162,2 тонна металли симоб истеҳсол гардид ва инчунин, 663221 тонна ангишт истихроҷ шуд, гуфт номбурда.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нав, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, сохтмону таъсиси корхонаи бузурги “ҶСП Талко‐Голд” ва ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” амалӣ гардида истодааст. Баробари ин коркарди консентрати маъдан дар КМ “Анзоб” ҳамчунин, ҳаҷми коркард дар корхонаи металлургии “Анзоб” зиёд карда мешавад. Ҷиҳати ба коркард фаро гирифтани маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот тадбирҳои судманд андешида шуда, 4 корхонаи хурд дар ин самт фаъолият доранд. Корхонаи фаръии “Шахтаи Фон – Яғноб” яке аз коргоҳҳои бузург ба ҳисоб рафта, вилояти Суғд ва шаҳри Душанберо бо ангишти хушсифат таъмин мекунад. Шумораи коргарон дар корхона ҳамагӣ 262 нафарро бе баҳисобгирии ширкатҳои дохилӣ ташкил медиҳад. Музди маоши миёнаи кормандон 3 ҳазору 302 сомониро ташкил медиҳад. Ҷоиз ба зикр аст, ки солҳои 40 ум экспедитсияи “Помир” маҳалли санги ангиштро кашф кард, ки баъдтар ба номи кони “Равот” машҳур мегардад.

Маълум мешавад, ки дар чил қабату қабатчаҳои кӯҳ зиёда аз 1,5 миллиард тонна захираи ангиштсанг мавҷуд аст. Майдони ҷойгиршавии ангишт дар ин ҷо 102 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Кони ангишти “Равот” соли 1982 ҳамчун корхонаи алоҳида ба ихтиёри Раёсати конҳои Шӯроб дода мешавад ва дар он ҷо истеҳсоли ангишт дар як сол ба 50 ҳазор тонна расонида мешавад. Баъдан он номи Кони ангишти “Шахтаи Фон – Яғноб” – ро ба худ мегирад. Коркарди маҳалли ангиштро таҳти роҳбарии Кумитаи давлатии ҷумҳурӣ бахши корҳои саноат пеш мебарад. Кони ангишти «Шахтаи Фон Яғноб» дар ҷумҳурӣ ягона кони ангишти калонтарин ба ҳисоб рафта, дорои аҳамияти стратегӣ аст ва 50 – 60 фоизи ангишти Ҷумҳурии Тоҷикистонро истихроҷ менамояд. Дар ҷумҳурӣ агар 17 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият дошта бошанд, КФ “Шахтаи Фон Яғноб” корхонаи калонтарин ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ талабот ба истифодаи ангишт рӯз ба рӯз афзуда истодааст ва корхонаҳои калонтарини саноатии кишвар, ба монанди КВД «Ширкати алюминии тоҷик», «Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе», ҶСК «Сементи Тоҷик», ҶСНК «Шабакаҳои барқу гармидиҳии Душанбе», ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент», инчунин корхонаҳои “Суғд Семент” ва «Тоҷ Семент» и шаҳри Хуҷанд фаъолияти худро бо истифода аз ангишти КФ «Шахтаи Фон Яғноб» ба роҳ мондаанд. Бинобар ин, КФ «Шахтаи Фон – Яғноб» барои зиёд намудани истихроҷи ангишт баҳри таъмин намудани корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо ин намуди сӯзишворӣ чораҳои мушаххас андешида, ҳамасола техникаю таҷҳизоти нав, дастгоҳҳои истифодашавандаи зеризаминӣ харидорӣ ва нақшаи истихроҷро афзун намуда истодааст. Хушбахтона, моҳияти ин вазифаи стратегиро кулли ангиштканони ноҳия аз коргари оддӣ то роҳбари болоӣ ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати афзоиши бемайлони истихроҷи ангиштсанг силсилаи тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Истеҳсоли он барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус дар фасли тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ басо муҳим аст. Маҳз, бо кӯшишу ғайрат ва талошу заҳматҳои пайвастаи ангиштканон ин мушкилот сари вақт паси сар карда мешавад. Корхонаи мазкур дар шаш моҳи соли ҷорӣ 311347 тонна ангиштсанг истеҳсол кардааст, ки 60 миллиону 151 ҳазор сомонӣ мебошад. Боиси таъкид аст, ки дар назди корхонаи мазкур барои дӯхтани либосҳои мардонаву занона сехи дӯзандагии нав бо 22 ҷойи корӣ барои занон таъсис дода шудааст.

Дар коргоҳи мазкур асосан либосҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ, шиму костюми мардона ва либосҳои махсус барои кормандони КФ “Шахтаи Фон – Яғноб” омода карда мешаванд. Давоми шаш моҳи соли равон 7 ҳазору 40 адад либос дӯхта шудааст. Дар сехи мазкур бештар занону бонувони хонашин ҷалб карда шуда, бо маоши баланд таъмин гардидаанд. Дар назди КФ “Шахтаи Фон‐Яғноб” сехи дӯзандагӣ дар ду баст ташкил ва бештар барои дӯхтани либосҳои мактабӣ равона карда шудааст. Дар як рӯз то 80 адад либоси мактабӣ дӯхта мешавад.

Дар сехи дӯзандагӣ 22 адад мошинаи дӯзандагӣ мавҷуд аст. Бо 66 мактаби ноҳия оид ба хариду фурӯши либосҳои мактабӣ байни КФ “Шахтаи Фон‐Яғноб” шартнома баста шудааст. Дӯхти либосҳои мактабӣ идома дорад, гуфт Фарҳод Умаров. Масъулини соҳа баҳри рушду нумӯи иқтисодиёти ноҳия, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ дар доираи ҳадафҳои стратегии мамлакат корҳои назаррасро роҳандозӣ карда, баҳри таъмини зиндагии шоистаи сокинон ва таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллии таърихӣ 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро талош доранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh