ШУКУФОИЮ ПЕШРАФТ АЗ ИСТИҚЛОЛ

Шаҳри бостонии Хуҷанд аз шаҳрҳои қадимаву обод ба ҳисоб рафта, онро бо ифодаи «Тирози ҷаҳон» низ ёд кардаанд. Шаҳр дорои ёдгориҳои таърихӣ буда, дар он заргарӣ, ҳунармандӣ, расму оинҳои мардумӣ ривоҷ ёфтааст. Доир ба ин шаҳри қадима сарчашмаҳои куҳани таърихӣ маълумоти муҳим дода, онро ҳамчун маркази илму маърифат эътироф кардаанд. Бо назардошти ин ки шаҳр дар канори Роҳи абрешим қарор дошт, ба маркази тиҷорату сайёҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ табдил ёфта буд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумўи ин сарзамини илму ирфон шароити шоистаро рўи кор овард. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафарҳои корӣ ба ин шаҳр ташриф оварда, дар расми ба истифода додани иншооти зиёди кору хизматрасонӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, мактабу кўдакистонҳои замонавӣ, марказҳои тиббию фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, нуқтаҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ, зеристгоҳҳои барқӣ, мумфаршкунии роҳҳои минтақавию маҳаллӣ ширкат меварзанд ва чунин тадбирҳои ободонӣ имрўз ин гўшаи мамлакатро боз ҳам замонавию муосиртар гардонидааст.

Чун таҷлили ҷашни бузурги миллӣ, яъне 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари мамлакат наздик гардида истодааст, тасмим гирифта шуд, ки бо Фирдавс Шарифзода - раиси шаҳри Хуҷанд мусоҳиба доир карда, аз дастоварду муваффақиятҳои назарраси шаҳр дар замони Истиқлол, ки ба яке аз шаҳрҳои бузурги кишвар мубаддал гардидааст, шиносоӣ пайдо намоем.

- Муҳтарам Фирдавс Шарифзода, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пазируфта шудааст. Айни ҳол дар шаҳр вазъи иҷрои ин ҳадафи стратегӣ чӣ гуна ҷараён дорад?

‐Дар рафти сафарҳо ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии аҳолӣ ба масъулин ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати ободии шаҳр, бунёди иншооти зарурӣ, ободии роҳҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда дастуру тавсияҳои мушаххас дода, ба корҳои созандагӣ ҳидоят менамоянд.

Тавре дар суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд, таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ба ду омили муҳим мусоидат менамояд. Аввалан, бунёди корхонаҳо ҳадафи Ҳукумати мамлакатро дар самти саноатикунонии кишвар татбиқ менамояд ва дуюм, шаҳрвандонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин менамояд, ки ин масъала дар сиёсати Ҳукумати мамлакат хеле муҳим мебошад.

- Бояд қайд кард, ки бунёди корхонаҳои саноатӣ яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд чӣ гуна корҳо ба анҷом расонида шудаанд?

 ‐Барои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ дар давоми соли ҷорӣ 13 корхонаи нави калону миёнаи истеҳсолӣ таъсис ёфта, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 176 адад расонида шуд, ки қисми зиёди онҳо дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бунёд гардида, истеҳсолот дар асоси технологияи нави муосир сурат гирифта, истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазири саноатӣ натиҷаи донишу маҳорат, малакаи кори мутахассисони ватанӣ аст. Бисёр навъу номгўи маҳсулоти саноатӣ, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид мешуданд ва талаботи бозори дохилӣ ба он зиёд буд, имрўз дар корхонаҳои шаҳр истеҳсол мешаванд.

Масалан, корхонаи “Ариана металл пласт” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, ки бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд, истеҳсоли дучарха, бозичаҳо, фойтунҳо ва ғайра барои машғулияти наврасону кўдакон заруранд, ба роҳ монда, воридоти ин номгўи маҳсулот коҳиш ёфт ва имрўз беш аз сад нафар сокини маҳаллӣ дар ин корхона бо ҷойи корӣ таъминанд.

Таъсиси Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ва имтиёзу имкониятҳо ба истеҳсолкунандагон мусоидат намуд, ки дар ин раванд корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, соҳаи саноат рушд кунад ва ҳамкориҳо бо давлатҳову ширкатҳои хориҷӣ ривоҷ ёбад. Корхонаи муштараки “Арча мебел” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, ки аз ду коргоҳи металлу пластикӣ иборат буда, истеҳсоли 350 намуд маҳсулот, дару тиреза, мизу курсӣ, таҷҳизоту катҳо истеҳсол карда мешавад. Ин гуна раванди пешрафти истеҳсолот ба соҳибкорону иқтисоди давлат манфиат оварда, эҳтиёҷоти ташкилоту идораҳо ва аҳолиро таъмин менамояд.

-Раванди истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ барои паст кардани сатҳи молҳои воридотӣ кӯмак менамояд. Оё дар шаҳр маҳсулоти ватанӣ ба талаботи сифатии бозори ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд? Оё онҳо дар ояндаи наздик ҷойҳои маҳсулоти воридотиро иваз карда метавонанд?

-Солҳои охир саноатчиёни шаҳр таваҷҷуҳи асосиро бештар ба истеҳсоли навъу номгўи маҳсулоти содиротӣ, ҷавобгўй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ равона карда, маҳсулот бо тамғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои ҷаҳон мавқеи худро боз ҳам устувор ва харидорони доимии худро пайдо намудааст.

Масалан, дар давоми сол ба таври доимӣ содироти меваю сабзавоти коркардгардида ба хориҷи кишвар дар Минтақаи саноатии шаҳр корхонаи коркард, хушконидан ва бандубасти меваю сабзавот “ Хуҷанд Агро” таъсис ёфт. Аз он ки маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ амсоли пиёзи барвақтӣ, сабзӣ, лаблабую сирпиёз баъди ҷамъоварӣ аз замин муҳлати нигоҳдориашон кам аст, бо чунин тарз коркарду хушконидан, дар бастаҳои махсус ҷой намудан, то дувоздаҳ моҳ нигоҳдорию истифода кардан мумкин аст ва дар бозори хориҷӣ арзиши баланд дорад. Дар корхона маҳсулоти кишоварзӣ аз хушконидан ва то пурра тайёр шудани он бе истифода аз химикатҳо сурат мегирад.

-Оё ба таъсиси корхонаҳо сармояҳои хориҷӣ ҷалб шудаанд?

 ‐Бояд қайд намуд, ки дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ баҳри таҳкими соҳаи саноат аз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз 13,8 миллион сомонӣ сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб шудааст, ки он барои рақобатпазирии маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат намуда истодааст.

Ҷиҳати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, дар ин давра дар шаҳр 15 корхонаи истеҳсолии нав бо назардошти соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла ҶДММ “Донаи Алмос”, хати нави истеҳсолӣ дар ҶДММ “Хуҷанд Агро”, “Субҳи заррин”, “Нури Имрон”, “Сидқӣ”, соҳибкори инфиродӣ “Абдулҳакимов”, ҶДММ «Сеганҷ», ҶДММ «Дурахшон Суғд», ҶДММ «Чашма Пласт», Воҳиди махсуси ҶДММ КД «Наргис», ҶДММ «Маҳмудшехов Далер», ҶДММ КД «Амир Ко»,ҶДММ «Ширкати кишоварзии полимерҳои Осиёи Марказӣ», ҶДММ «Покзарф» ва ҶДММ «Суғдиёна Агро» бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ баҳри баланд бардоштани сифати маҳсулоти воридотивазкунанда таъсис дода шудааст. Баҳри таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалишуда собит менамояд, ки аз ҳисоби корхонаҳои нав 164 нафар шаҳрванд бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд. -Ба мо маълум аст, ки дар корхонаҳои саноатӣ дар давоми соли ҷорӣ хатҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.

Ба роҳ мондани ин гуна тадбирҳо ба бозор ва нархи маҳсулоти истеҳсолшаванда таъсир гузошта метавонанд? ‐Боиси қайд аст, ки бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2021 дар якчанд корхонаҳои саноатии шаҳр хати нави истеҳсолӣ бо технологияҳои муосир аз хориҷи кишвар ворид гардида, ба истифода дода шуданд. Ин корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худро зиёд намуда, ба кишварҳои хориҷӣ содирот намуда истодаанд.

Аз ҷумла, ҶДММ «Донаи Алмос» бо коркарди хушкмева ва мағз, ҶДММ « Хуҷанд Агро» бо коркарди меваю сабзавот, ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» бо коркарди нахи пахта машғул буда, онҳо асосан маҳсулоти тайёркардашударо ба давлатҳои Олмон, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Беларусс ва Федератсияи Россия содирот менамоянд. Ҷиҳати амалишавии занҷираи “ашёи хом истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бозори фурўш” чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин давра дар шаҳр се корхона (ҶДММ “Ҷавонӣ”, ҶДММ “Сатн” ва ҶДММ “Нассоҷи Хуҷанд”) бо коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти дўзандагӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҶДММ “Ҷавонӣ” 557,3 тонна, ҶДММ “Сатн” 616 тонна ва дар ҶДММ “Нассоҷӣ Хуҷанд” 216,7 тонна пахтаро коркард карда, ба маблағи 123,5 миллион сомонӣ маҳсулоти дўзандагӣ истеҳсол ва ба маблағи 112,7 миллион сомонӣ маҳсулот содирот шудааст. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳр панҷ корхонаи коркарди меваю сабзавот ва нўҳ корхонаи истеҳсоли нўшокиҳо фаъолият намуда, аз тарафи онҳо 2049,4 ҳазор қуттӣ консерваҳо ва 312,9 ҳазор декалитр нўшокиҳои ташнашикан истеҳсол шудааст.

Инчунин, аз тарафи чор корхонаи коркарди шир, аз ҷумла ҶДММ «Шоҳшир», ҶДММ «Порсои Хуҷанд», ҶДММ «Пешсаф» ва ҶСК «Комбинати шир» дар ин марҳала аз тарафи ин корхонаҳо 3337,4 тонна ва ба маблағи 6,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Чораҳои амалишудаистода аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷа ҳаҷми маҳсулоти воридотивазкунанда афзун гашта, он ба тақвияти иқтидори соҳаи саноат мусоидат намуда истодааст. Дар ин давра ба самти бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрокворӣ вусъат бахшида, дар натиҷа 4 корхона, ба монанди ҶДММ “Донаи Алмос”, “Хуҷанд Агро”, “Субҳи Заррин” ва СИ “Абдулҳакимов Ҷ” бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 9 ҳазор тонна маҳсулоти хўрока дар як моҳ таъсис дода шудааст.

 -Ҳамаи мо огаҳӣ дорем, ки дар давоми соли ҷорӣ чандин корхонаҳои нави замонавӣ таъсис ёфта, сифати истеҳсолот хеле беҳтар гардид. Барои афзоиши намудҳои маводи истеҳсолӣ нақши корхонаҳои саноатӣ чӣ гуна аст?

‐Баҳри зиёд намудани ҳаҷм ва номгўи масолеҳи сохтмонӣ дар ин давра аз тарафи 31 корхонаи саноатии шаҳр ба миқдори 142,8 миллион сомонӣ маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли гузашта 69,3 миллион сомонӣ ё 94,2 фоиз ин намуди маҳсулот зиёд гардидааст.

Дар ин давра ба маъмурияти МОИ “Суғд” се лоиҳаи тиҷоратӣ доир ба ташкили коргоҳҳои “Истеҳсоли зарфҳои коғазӣ”, “Истеҳсоли паркетҳои ороишӣ” ва “Хизматрасонии амалиёти воридотиву содиротӣ” пешниҳод гардида, аз ҷониби масъулин мавриди омўзиш қарор гирифтааст.Айни ҳол дар ҳудуди МОИ “Суғд” аз тарафи ҶДММ “Оҳанкор” ва ҶДММ “Сомон Кейс” корҳои сохтмонӣ бобати ба кор андохтани иқтидор‐ҳои мавҷуда ва ташкили коргоҳҳои истеҳсолӣ оғоз карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи сармоягузории ҶДММ “Оҳанкор” бо коркарди металлҳои дуюмдараҷа маш‐ғул гардида, ҳангоми ба истифода додани он 100 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Мувофиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, барои ташкили коргоҳ 2,1 миллион доллари амрикоӣ ҷалб гардида, то имрўз ба маблағи 1,1 миллион доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Аз рўи лоиҳаи сармоягузорӣ, ҶДММ “Сомон Кейс” бо истеҳсоли ҷузвгирҳои мактабӣ ва занона машғул гардида, ҳангоми ба истифода додани он 100 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад. Мувофиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, барои ташкили коргоҳ 500 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷалб карда шуда, то имрўз ба маблағи 339,1 ҳазор доллари амрикоӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст.

-Тавре ҳамаи мо огоҳӣ дорем, чанд сол қабл барои бо оби нўшокӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои шаҳр чанд лоиҳаи муҳим татбиқ гардид. Имсол ин масъала дар кадом сатҳ қарор дорад?

‐Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани некўаҳволии мардум бо татбиқи барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои муҳим бо шарикони рушд хизматрасониро осон менамояд, ки барои беҳбудии сатҳи зисту зиндагии аҳолӣ равона гардидааст. Дар шаҳр се лоиҳаи инвеститсионӣ лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ шаҳр, рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳр ва лоиҳаи беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нўшокӣ дар шаҳр татбиқ гардиданд, ки дар доираи он корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.

Шаҳр аз 22 кумитаи маҳалла иборат буда, сокинон асосан дар биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ зиндагӣ мекунанд ва ҳамзамон, ҷиҳати таъмини оилаҳои ҷавон бо манзили зист бо супориши Пешвои миллат ба шаҳрвандон қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардиданд ва маҳаллаҳои нав ташкил ёфтанд.

Дар шаҳр барои таъминоти доимии 54 ҳазор муштарӣ бо оби нўшокӣ панҷ иншооти обтаъминкунӣ амал мекунад. Татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани вазъи таъминоти оби нўшокӣ дар шаҳр, таъмир ва таҷдиди иншооти партовтозакунии шаҳр, ки мансуби Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Обуканал» мебошад, вазъи хизматрасониро беҳтар намуд. Дар назди корхонаи воҳиди давлатии «Обуканал» таҳлилгоҳи махсус таъмир гардида, таҷҳизоти зарурӣ дастрас ва барои солимии аҳолию истеҳсоли оби тозаи нўшокӣ мутахассисон ҳамарўза аз ҳар минтақа намуна гирифта, бо таҷҳизоти зарурӣ ташхис мегузаронанд ва дар баробари ин ҷиҳати дастраснамоии оби нўшокӣ лўлаҳои обгузар нав гардида, барои ба нуқтаи муайян расонидани оби нўшокӣ насосҳои нав насб карда шуд, ки асоси таъминоти доимӣ аз иҷрои корҳои анҷомдода вобаста аст.

Баҳри таъмир ва таҷдиди иншооти партовтозакунии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 3 миллиону 359 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ равона гардида, давоми се сол дар баробари таъмири биною иншооти партовтозакунӣ таъмири ду чоҳи амудӣ, трансформаторҳои нав насб гардида, хатҳои интиқол дар масоҳати 865 метр нав карда шуданд.Дар иншооти партовтозакунӣ насосҳои нави пуриқтидор овардаву ба кор андохта шуданд ва ҳамзамон, дастгоҳу таҷҳизоти нав вориду насб шудаанд, ки раванди кор автоматӣ сурат мегирад.

Таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳдошти солимии аҳолӣ, беҳтар кардани вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ идомаи иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ Даҳсолаи байналмилалии амал «Оббарои рушди устувор, 2018‐2028» ва дар амал иҷро намудани ҳадафҳои он дар мамлакат мебошад.

-Маълум аст, ки бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар қаламрави ҷумҳурӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шуд. Мехостам, дар атрофи ҳамин масъала аз тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сухан мегуфтед?

‐Шаҳр дар баробари шаҳри қадима будан имрўз бо бунёди силсила иншооти нави фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо тарҳу намои хоса симои хешро дигар карда, боз ҳам ободу зебо мегардад, ки ин нишони фазои сулҳу ободӣ дар мамлакатро медиҳад. Алҳол, як қатор ширкатҳои сохтмонӣ бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо дарназаргирии ҳамаи инфрасохтори заруриро ба роҳ мондаанд. Лоиҳаи сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо дарназаргирии ҳамаи омилҳо таҳия шуда, айни замон “Элит сохтмон” панҷ бинои истиқоматиро бо тарҳи хоса анҷом медиҳад, ки қомат афрохтани ин ва дигар биноҳо Хуҷанд ба шаҳри пешрафта табдил меёбад.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 14 уми июни соли 2018 иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ карда шудааст. Натиҷаи татбиқи ҳамин гуна нақшаҳо буд, ки дар шаҳр чандин боғҳои фароғату истироҳатӣ, хиёбону гулгаштҳо, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ ва байнимаҳаллавӣ, чароғонкунии кўчаҳо ба роҳ монда шудаанд. Дар давоми солҳои 2018 2021 беш аз 497 иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 97,5 фоизи иншооти ба нақшагирифташуда пурра бунёд гардиданд. Гузашта аз ин, дар ин давра беш 200 иншооти иловагии берун аз нақшаи тасдиқгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр афзун намудани ҳусну таровати замонавӣ миқдори зиёди лампаҳою шилшилаҳои муосир, равшанкунакҳои муосири светодиодӣ насбу васл, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, боми биноҳо ва қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2021ум 42,3 километр таъмири роҳҳо, аз ҷумла 31,3 километр таъмири асосӣ ва 11 километр таъмири ҷориро дар бар мегирад. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2021‐ум 22,8 километр роҳҳо таъмир карда шуданд.

Дар маҷмўъ, шаҳри Хуҷанд ва корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва татбиқи босамари ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Хуҷандро ҳамчун як маркази бонуфузи саноатӣ табдил додаанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh