Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

7 сентябри соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба фаъолони соҳаҳои гуногун баргузор гардид.

Мукофотҳоро ба фаъолон  муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода супориданд.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи маросими мукофотсупорӣ қайд кард, ки дар ин рўзҳо, ки мардуми мамлакати азизамон ҷашни бузургу таърихӣ – 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукўҳу шаҳомати хоса, эҳсоси баланди ватандорӣ таҷлил менамоянд, тибқи Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дўстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо бо  мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ қадршиносӣ гардиданд.

-Мо ифтихор аз он дорем, ки аз миёни онҳое, ки барои хизматҳои арзанда дар соҳаҳои гуногун аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, даҳҳо нафар сокинони вилояти Суғд низ ҳастанд.  Аз ин лиҳоз, онҳоеро, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, табрик менамоям, - иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Муовини  якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Истиқлоли давлатиро ба кулли иштирокдорон ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми вилояти Суғд табрик гуфта, аз дастовадҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба беш аз 40 нафар мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медали “Хизмати шоиста”, медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон", Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh