ҲАДАФ - РОҲ ЁФТАН БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ

Моҳипарварӣ як ҷузъи муҳими хоҷагии халқи кишвар маҳсуб ёфта, дар таъмини бозорҳои дохилӣ, захираи он дар кӯлу обанборҳо ва ҳавзҳои сунъӣ саҳми беандоза дорад. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар баҳри рушди соҳаи мазкур «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» тасдиқ гардидааст, ки дар асоси он имрӯз хоҷагидорони вилоят барои парвариши моҳӣ машғул гардида, фаъолияти худро рӯз аз рӯз хубтар мегардонанд.

Дар ин замина имрӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри иҷрои бандҳои барномаи давлатӣ ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил гардидаанд, ки барои пешрафти соҳаи мазкур мусоидат хоҳанд кард. Бино ба иттилои Раҳматулло Мамуров, директори филиали ҶДММ «корпоратсияи моҳии тоҷик» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳавзҳои моҳипарварӣ аз ҷониби ҶДММ «корпоратсияи моҳии тоҷик» бунёд гардида, аз рӯи лоиҳа 3,2 гектар масоҳат доранд.

Айни ҳол дар майдони 0,60 гектар 21 ҳавзи моҳипарварии дарозиашон 30 - метра мавҷуд аст. Дар ин ҳавзҳо асосан гулмоҳӣ ва каме сазан парвариш меёбанд, ки онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ харидорони зиёд доранд. Аз гуфтаи масъулин бармеояд, ки аз Федератсияи Россия 70 ҳазор тухми моҳӣ ворид гардидааст, ки алҳол 60 ҳазори он хуб инкишоф ёфта, 35 - 40 - граммӣ вазн доранд. Ҳамчунин, мутахассисони соҳа Абдурасул Почоев ва Толибҷон Отабоев даҳ ҳазор моҳиро аз дохили кишвар дастрас ва парвариш намуда истодаанд, ки ҳар кадом то 600 грамм вазн доранд. Имрӯз барои хуб парвариш ёфтани моҳиҳо беш аз даҳ нафар корманд ҳамарӯза фаъолияти пурсамар доранд. Хӯроки моҳиҳо асосан аз кишварҳои Аврупо ва Эрон дастрас мешаванд. Бо дастгирии роҳбарияти ҶДММ «корпоратсияи моҳии тоҷик» аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳии навъи «Ассётра» ба миқдори 1,5 ҳазор ворид шуда, имрӯз инкишофи хуб доранд.

Номбурда қайд намуд, ки филиали мазкур метавонад, дар як сол то 50 тонна моҳиро истеҳсол ва ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш барорад. Дар сурати фаъолияти пурра метавон гуфт, ки соле то 200 тонна моҳӣ истеҳсол хоҳад шуд. Дар ин замина боз 30 нафаридигар метавонанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд. - Алҳол дар ҳафт ҳавз парвариши аз 8 то 10 ҳазор моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, барои инкишофи хуби моҳиҳо бо мутахассисони шаҳрҳои Душанбеву Ҳисор ва минтақаи Ромит, ҳамчунин бо шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории худро ба роҳ мондаем. Барои истироҳати кормандон ва сокинону меҳмонони ноҳия дар назди филиал як чойхона таъсис дода шудааст, ки барои 100 нафар мизоҷ хизмат мерасонад, - мегӯяд Раҳматулло Мамуров.

Ҷоиз ба қайд аст, ки Филиали ҶДММ «корпоратсияи моҳии тоҷик» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд. Сарвари давлат дар ин рӯз барои мо кормандон дастуру супориш доданд, ки барои зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоем.

- Мо, аҳли кормандон имрӯз дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоии Сарвари давлат фаъолияти худро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар таъмини бозори истеъмолии кишвар ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузорем, - мегӯяд мавсуф.

Истамҷони Наҷмиддин,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh