Мулоқоти Раиси вилоят бо директори корхонаи муштараки "Зарафшон"

Нимаи дуюми рӯзи 26 ноябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори корхонаи муштараки "Зарафшон" Жан Яоминро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо фаъолияти корхонаи муштараки "Зарафшон" -ро таҳлил карда, доир ба амалисозии нақшаҳои гузошташуда ва тавсеаи фаъолияти корхона мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят аз нақши корхонаи муштараки "Зарафшон" дар рушди иқтисодиёти шаҳри Панҷакент ёдовар шуда, таъкид кард, ки корхона уҳдадориҳои худро иҷро менамояд. Бо саҳмгузории корхонаи саноатӣ дар Панҷакент сохтмони ду мактаб, толори варзишӣ ва мумфаршкунии роҳҳо ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Жан Яомин дар навбати худ аз дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид кард, ки моҳи декабр сохтмони корхонаи иловагии металлургӣ оғоз ёфта, корхонаи муштараки "Зарафшон" дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босурат саҳм мегузорад.

Ҷонибҳо ҳамзамон оид ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои нави корӣ, таъмини коргарон бо хӯроки гарм, дастгирии доимии коргарон, ташкили корхонаи иловагии маеталургӣ табодули назар карданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh