ZET-MOBILE 5G-РО БА РОҲ МОНД

Дар толори меҳмонхонаи «Парламент»-и шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотии ширкати мобилии ZET-MOBILE бо намояндагони ВАО доир гардид. Директори генералии ширкат Парвиз Махшулов иброз дошт, ки ZET-MOBILE соли 2021-ум майдони фарогирии интернети мобилии баландсуръатро ба таври назаррас васеъ ва тавоноии шабакаро дар вилояти Суғд ду баробар афзоиш дод.

Дар даҳ моҳи соли равонба 14 шаҳру ноҳияи вилоят истгоҳҳои ҷадиди появӣ насб шуданд. Ширкат дар ин минтақаҳо корҳои бузурги фаннӣ (техникӣ) - ро анҷом дод. Минтақаи фарогириро васеъ карда, воситаи алоқа бо таҷҳизоти иловагӣ муҷаҳҳаз гардид, ки барои таъмини корҳои муттасил, ҳатто дар ҳолатҳои сарбории устувори баланд имкон медиҳанд. Навсозии инфрасохтори шабакавӣ, қабл аз ҳамаи минтақаҳои бо биноҳои бисёрошёнаи шаҳрӣ, боғотӣ, маконҳое, ки тобистон шумораи зиёди меҳмонон ба он ҷо ташриф меоранд, дарбар гирифт. Илова барин, дар давраи ҳисоботӣ интернети баландсуръати мобилии 4 G нахустин бор дастраси сокинони шаҳру навоҳии Бӯстон, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Шаҳристон ва шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон гардид.

Ҳамзамон, ширкати ZET-MOBILE пойгоҳҳои мавҷудаи 4G-ро азнавсозӣ карда, соли ҷорӣ тавонист то 24 фоиз истгоҳҳои вуҷуддоштаи появиро такмил диҳад ва бо ин роҳ барои муштариён интернети баландсуръатро пешкаш намояд. То охири сол ширкат тасмим гирифт, ки пойгоҳҳои мавҷудаи 4G-ро ба таври назаррас таҳким бахшад ва 16 мавқеи навро бо шабакаи 4G фаро гирад. Қайд кардан бамаврид аст, ки ZET-MOBILE дар соли 2020 тавсеаи васеи ҳудуди фарогирии 4 G-ро оғоз намуд. Дар шароити душвори пандемия, ZET-MOBILE тавонист, дар муқоиса бо солҳои қаблӣ чор маротиба бештар истгоҳҳои появии 4G-ро насб кунад.

Барои беҳтар кардани хизматрасонӣ ба муштариён ширкат соли гузашта ҳудуди фарогириро тавассути насби истгоҳҳои ҷиддии появии 4 G (LTE) дар вилояти Суғд васеъ кард. Соли 2022 ширкат нақша дорад, ки теъдоди истгоҳҳои появии 4G-ро дар вилоят 50 фисад афзоиш дода, интернети хонагиро васеъ кунад. Рушди саноати иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, фановариҳои абрӣ ва зеҳни сунъӣ ҷаҳонро ба сӯи таносухи рақамӣ мебарад ва дар ин ҷода Тоҷикистон низ истисно нест, зеро мо имрӯз дар остонаи роҳандозии фановарии 5G қарор дорем. Соли 2021- ум расман санҷиши мукаммалро анҷом дода, алоқаи насли панҷумро дастраси сокинони пойтахт гардонид.

Имрӯз ZET-MOBILE бо ифтихор эълон мекунад, ки аввалин ширкатест, ки дар вилояти Суғд 5 G комилро ба роҳ мондааст. Алоқаи насли панҷум ҳоло барои сокинони шаҳри Хуҷанд дастрас аст ва пайвастан ба он феълан дар маркази шаҳр имконпазир мебошад. Нишондодҳо чашмгир ҳастанд, суръати интиқоли маълумот дарсайт то 1,2 гигабит дар як сонияро ташкил менамояд ва интизор меравад, ки суръати миёнаи истифодаи доимӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ бароварда шавад.

Муҳимтарин тафовут байни 5G ва наслҳои қаблии алоқа дар он аст, ки 5 G-и фарохмаҷрои васеъро таъмин мекунад ва таъхири пайвастшавӣ ниҳоят паст аст, ба ибораи дигар суръати корӣ 10 маротиба зиёдтар мебошад. Истифодабарандагон метавонанд, ҳангоми гаштугузор сабтҳои видеоиро бидуни таваққуф тамошо кунанд ва файлҳои заруриро тӯли якчанд сония дастрас намоянд. 5G қадами аввалин барои тавсеаи фановарии оянда ба истилоҳ Интернети ашё мебошад. Ҳамин тариқ, 5G дигаргунии инқилобиро ба вуҷуд меорад, ки асоси тамоми соҳа хоҳанд шуд. Агар сухан дар бораи бартарии 5 G-и меравад, муҳимтар аз ҳама иқтидори он мебошад, ки таконе барои рушди соҳаҳои муҳими иқтисод мегардад.

Дар оянда 5 Gи ҷузъи ҷудонашавандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум хоҳад буд ва мо метавонем танҳо бо истифода аз як телефони мобилӣ корҳои заруриро ба сомон расонем. Ба унвони мисол бо далели таъхири пасти худ, 5 G дар ҳалли мушкилоти тиббӣ ба таври фосилавӣ кумак хоҳад расонид, табибон метавонанд барои машварат бо ҳамкасбон телеконфронсҳо гузаронанд.

Мураббиҳо метавонанд барои нигоҳ доштани тарзи ҳаёти солим тавассути шабакаи маҳаллӣ бо суръати баланд тамринҳои мунтазамро пахш кунанд, идораи ашёҳои дохили хона низ ба роҳ имконпазир хоҳад гашт. Инчунин, шабакаи бесими насли ҷадид ба шарофати суръати баланди интиқоли маълумот дар рушди нақлиёти бесарнишин кӯмак хоҳад кард, - гуфт Парвиз Махшулов.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

суратгир И. РАБИЗОД,

 “Ҳақиқати Суғд

Add comment


Security code
Refresh