Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлев баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ ва дурнамои рушди робитаҳои байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба ҳайси ҳамраисони Комиссия оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия нақшаи кори Комиссияи мазкурро барои соли 2022 ба имзо расониданд.

Add comment


Security code
Refresh