ТАҚВИЯТИ РОБИТАҲОИ СУДМАНДИ ТИҶОРАТӢ

Чуноне қаблан огоҳ намуда будем, санаҳои аз 2 то 4 -уми декабри соли равон ташрифи ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Беларус ба вилояти Суғд доир гашт. Аз ҷумла рӯзи дуюми сафар дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бизнес – форум баргузор гардид, ки дар он соҳибкорони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус ва ҳам соҳибкорону намояндагони корхонаҳои саноатии вилояти Суғд иштирок доштанд.

Дар оғоз муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, соҳибкорони вилоятро муаррифӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории форуми мазкур пеш аз ҳама мусоидат намудан барои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву табодули таҷриба дар самти тараққиёту равнақи соҳаи саноатикунонии кишвар ва бахши соҳибкорӣ мебошад.

Сипас роҳбари ҳайат - Руслан Страхар, муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус суханронӣ намуда, миннатдории намояндагони давлати Беларусро баҳри пазироии самимии роҳбарияти вилоят расонид. Сипас ӯ ҳайати намояндагону соҳибкорони вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларусро ба ҳамагон шинос намуда, афзуд, ки дар рафти бизнес – форум сафари намояндагони вилояти Могилёв ба вилояти Суғд дар муносибатҳои доираҳои тиҷоратии ин ду вилоят барои амалисозиву тақвияти нақшаҳои муштарак таккони ҷиддӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко баромад намуда, иброз дошт, ки чанд сол инҷониб бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ҳамкориҳо миёни вилоятҳои ду давлат рушд ёфта, соҳибкорони вилояти Суғд бо як қатор вилоятҳои Беларус, аз ҷумла Минску Могилёв робитаҳои хуби иқтисодиро ба роҳ мондаанд. Дар фарҷом байни соҳибкорону намояндагони меҳмонон гуфтушунидҳои корӣ ҷараён гирифта, тарафайн ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсолоту содироти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ табодули назар намуданд.

Ҳамзамон рӯзи дигар, яъне 3-юми декабр ҳайати намояндагони вилояти Могилёв таи сафари кории хеш аз чанде корхонаҳои саноативу коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар мавзеъҳои шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон, Бӯстону Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварда, аз вазъи соҳоти саноативу иқтисодӣ, шароиту имкониятҳои мавҷуда аз наздик шинос гардиданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар фарҷоми худи ҳамон рӯз байни 16 корхонаву коргоҳҳои азими шаҳри Могилёви давлати Беларус ва корхонаҳои истеҳсолии шаҳру навоҳии вилоят шартномаҳои ҳамкорӣ баста шуд. Дар хусуси ҳамкориҳои муфид Татяна Алексеева - муовини директори генералӣ оид ба муносибатҳои берунаи Шуъбаи палатаи савдои Беларус дар вилояти Могилёв: - Ҳарчанд ин сафари ман бори аввал ба вилояти Суғд аст, вале мо чанд сол инҷониб ҳамкории тиҷоративу содиротии дуҷонибаро ба роҳ мондаем.

Роҳбарони корхонаҳои истеҳсоливу соҳибкорони мо ҳамасола дар Намоишярмаркаҳои байналмилалии Суғд иштирок менамоянд. Бо сабабҳои вазъи пандемиявӣ камтар ин муносибатҳо ба таъхир афтоданд ва алҳол бо истифодаи имконоти мавҷуда робитаҳо аз нав ба роҳ монда шуданд. Умедворам, ки минбаъд низ ҳамкории тарафайн боз ҳам сифатан беҳтару бештар хоҳад гашт. Аз ин сафар, дар маҷмуъ аз меҳмоннавозии масъулину мардуми Суғдзамин басо мамнунам. Новобаста аз он, ки реҷаи кории ҳайат маҳдуд буд, вале бисёр мавзеъҳоро тамошо кардем ва бисёр эҳсосоту таассуротҳои мусбат вуҷудамро фарогир аст.

 Алексей Потемкин – муовини аввали раиси кумитаи иҷроияи шаҳри Могилёв:

- Ин сафари расмии ҷавобии ҳайати намояндагони давлатӣ ва ҳам сектори хусусии Ҷумҳурии Беларус мебошад. Мо миннатдории хешро ба ташкилкунандагони ин ҷамъомад расонида, бовар дорем, ки чунин чорабиниҳои боз ҳам равобиту ҳамкориҳои судманди ҳамаҷонибаро тақвият медиҳанд. Ва мақсади роҳбарони давлатҳою вилоятҳомон низ ба ин самт равона шуда, зимни ин сафар имкон пайдо шуд, ки доираи соҳибкорони ҷонибҳо сарҷамъ гашта, бобати дурнамову ҳамкориҳои тиҷоратӣ гуфтушунид намоянд.

Мадина Каримова - директори генералии ҶДММ Коргоҳи дӯзандагии «Амир»:

- Воқеан бургузор шудани чунин мулоқотҳои барои мо соҳибкорон баҳри рушди соҳаи истеҳсолот ва роҳ ёфтан ба бозорҳои дигар давлатҳо имконоти хуберо ба миён меоранд. Дар ин бизнес-форум мо тавонистем бо яке аз ширкатҳои бузурги истеҳсолии текстили «Монотекс»-и вилояти Могилёви давлати Беларус шартномаи ҳамкорӣ баста, тариқи ин шартнома ашёи хоми текстилиро харидорӣ менамоем.

Маъмурахон САМАДОВА

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh