Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони иншооти гуногун дар шаҳри Истаравшан

12 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни азнавсозии бинои шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан шинос гардид.

Бино ба иттилои масъулин шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дорои 50 кат буда, соли 1965 сохта шудааст. Бинои мазкур то имрӯз таъмири асосӣ нашуда буд ва бо назардошти ин ба азнавсозӣ фаро гирифта шудааст.

Корҳои таъмиру тармим моҳи феврали соли 2020 оғоз гардида, барои иҷрои корҳо аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва буҷети маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ равона гардида, дар назар аст, ки корҳои барқарорсозӣ моҳи март ба анҷом расонида шавад.

Дар шафати Беморхонаи марказии шаҳр ҳамзамон сохтмони бинои иловаги Маркази саломатии шаҳрии №1 ҷараён дорад. Бино муофиқи лоиҳа аз 3 ошёна иборат буда, инчунин дорои таҳхона мебошад. Дар бинои иловагӣ барои фаъолияти табибон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Маркази саломатии шаҳри №1 ба зиёда аз 36000 аҳолӣ хизмат мерасонад.

Раҷаббой Аҳмадзода барои татбиқи босифати лоиҳаҳо супоришҳо дода, таъкид кард, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав шароити кории табибон боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Дар идомаи сафар роҳбари вилоят бо корҳои бунёдии қасри фарҳанги шаҳр ва боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода ошно гардида, барои тақвиятбахшии корҳо тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh