Шиносоии Раиси вилоят​ бо сохтмони иншооти нав дар ноҳияи Деваштич

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Деваштич аз ҶДММ “Спитамен” боздид карда, ҷараёни бунёди сехи нави истеҳсолии корхонаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

ҶДММ “Спитамен” бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои дар ноҳия фаъолияткунанда бо масолеҳи сохтмонии оҳаксанг таъсис дода шуда, иқтидори солонаи истеҳсолии он 5400 тонна мебошад. Корхона бо назардошти талабот мавсимӣ – аз моҳи март то моҳи декабр фаъолият мебарад ва дар он 27 нафар кор мекунанд.

Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки сехи нави истеҳсолиро бунёд карда, доираи фаъолиятро васеъ ва ҷойҳои кориро афзун намояд. Ба роҳбари вилоят лоиҳаи сехи нав муаррифӣ карда шуд ва Раиси вилоят тавсияҳои худро пешниҳод кард.

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Деваштич ошно шуд. Бинои нави таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, барои 620 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳия бунёд шуда истодааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 8 апрели соли 2019 оғоз гардида, то имрӯз 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh