Раҷаббой Аҳмадзода дар Хуҷанд бо раванди корҳои азнавсозӣ дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шинос гардид

16 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни таҷдиду азнавсозӣ дар бинои асосии ҷарроҳию табоботии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1- и шаҳри Хуҷанд шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои чорошёнаи ҷарроҳию табобатии Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷдиду азнавсозӣ фаро гирифта шудааст. Бинои мазкур ҳанўз соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҳол аз таъмири куллӣ бароварда нашудааст. Дар бинои номбурда шуъбаҳои қабул, эҳё, ҷарроҳҳии фасоднок, ҷарроҳии калонсолон, осеби хурдсолон, осеби калонсолон, бемориҳои сўхта, ҷарроҳии бачагона, корпуси ҷарроҳикунонӣ ва ғайраҳо ҷойгир карда шуда, маҷмуан беш аз 250 кати табобатӣ дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳаи ангории таҷдиду азнавсозии бинои ҷарроҳию табобатии беморхона таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифта шуд, ки бинои мазкур мавриди азнавсозӣ ва ҷадид қарор дода шавад. Зеро талаботи замони муосир моро водор месозад, ки ба шароити табобату муоилиҷа ва барқароркунии саломатии шаҳрвандон аҳамияти хоса диҳем.

Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр ва сохтмончиён ҷиҳати анҷом додани корҳои босифати сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла,  батартибдарории ҳудуди беморхона, деворҳои иҳотавӣ, ҷӯйборҳо, роҳрав ва истгоҳи мошинҳо зарур шуморида шуд. Барои беморон ва корафтодагон бошад бояд шароити мусоиду замонавӣ баҳри муолиҷаву дидорбинӣ, истироҳату фароғат муҳайё карда шавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алъон корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДММ «Сохтмонворидот» ҷараён дорад ва беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ бо кор машғуланд.

Сипас, аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва кормандони соҳаи тиб дар ҳудуди беморхона ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh