ҚАДРШИНОСИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВОРУХ
- Details
- Published on Tuesday, 18 January 2022 10:40
Даҳуми январи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин», ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, диплому мукофотпулӣ супорид. Аз ҷумла, Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара чун Ҷамоати деҳоти беҳтарин мақоми аввалро сазовор шуд.
Фазои соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу оромии Ватанамон ва мардуми маърифатпарвару фарҳангдӯсти Тоҷикистон буд, киҳатто гӯшаи дурдасттарини кишвари мо низ ободу зебо гардид. Ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бошад, кулли мардуми шарифи Ватани офтобрӯяамон рӯ ба ободониву беҳбудии шаҳру ноҳияву маҳаллаҳо ниҳоданд. Аз ҷумла, Ҷамоати деҳоти Ворух, кидар як гӯшаи дурдасттарини диёр ҷойгир аст, ободу зебо гардид, ки инро ҳангоми ташрифашон ба ин мавзеъ Пешвои муаззами миллат хосатан таъкид доштанд.
Ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ дар ин диёри ҳамешасабз бинои Қасри фарҳанг на танҳо таъмиру таҷдид, балки ҳунармандони чирадаст бо истифода аз санъати меъмории миллии қадима девораҳо ва сутунпояҳои онро оро дода, дар саҳни он ниҳолу гулҳои ҳамешасабз шинонида, пурра чароғон карданд, ки алҳол он барои сокинон ва меҳмонон яке аз мавзеъҳои истироҳатию фароғатӣ маҳсуб ёфта, ба ҳусни деҳот боз ҳусни дигар зам намуд.
Ҳамчунин дар доираи «Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар замини бекорхобида бунёди Маркази фарҳангӣ– фароғатӣ ва варзишии «Ширин» ва дар гирду атрофи он шинонидани беш аз 400 бех ниҳоли мевадиҳандаву сояафкан ва гулҳои рангоранг туҳфае буд аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ.
- Барои мо, ворухиён, соли 2021 соли хотирмон ва таърихӣбуд,- гуфт раиси ҶамоатидеҳотиВорух Меҳринисо Раҳматова,- зеро моро мушарраф гардид, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд иншооти ҷашниро ба истифода диҳем. Пешвои муаззами миллат ҳангоми мулоқот на танҳо дарди дили ҳар яке аз мо, сокинонро гӯш карданд,инчунин дар баробари дастуру пешниҳодҳои муфид, аз камбудиву норасоии деҳот пурсон гашта, баҳри дастгирии ҷавонон ва таъмин намудан бо мутахассисони касбҳои мухталиф бист нафар толибилмон давоми се соли минбаъда ба мактабҳои олии пойтахт соҳиби квотаи Президентӣ гардиданд. Соли хониши 2020 - 2021 –ум беш аз сесад нафар хонандагон муассисаи таълимиро хатм намуда, 276 нафар ба номи баланди донишҷӯй шарафёб шуданд. Алҳол 230 нафар духтарон дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар ва берун аз он таҳсили хешро идома дода истодаанд.
- Мардуми деҳоти Ворух, ба ибораи Пешвои муаззами миллат «меҳнатқарину заҳматкаш ва илмҷӯву ҷӯянда»-анд, - суханашро идома дод М. Раҳматова, - соли сипарӣ бо дастгирии саховатпешагони диёр 14,5 километр роҳ мумфарш ва 30 километр роҳҳои дохили маҳаллаҳо шағалпӯш ва Беморхонаи деҳот бо харҷи миллион сомонӣ таъмиру тармим гардиданд. Бо иваз намудани сесад адад симчӯб маҳаллаҳои деҳаамон чароғон, 15 километр қубури оби нӯшокӣ васл ва таъмир гардида, дар масофаи 12 километр ба ҷӯйборҳо қубур партофта шуд.
Бо мақсади ободонӣ дар бист маҳаллаи деҳот, зиёда аз 1000 бех дарахти ороишию сояафкан ва зиёда аз 200 ҳазор бех гули рангорангу ҳамешабаҳор шинонида шуд. Устодону омӯзгорону толибилмон ва табибону ҳамширагони шафқат низ дар ободонии гирду атрофи 12 муассисаи таълимӣ, як кӯдакистон, беморхонаву Маркази саломатӣ, ду Хонаи саломатӣ ва чор бунгоҳи тиббӣ бетараф набуданд, - қайд кард раиси Ҷамоати деҳоти Ворух.
Воқеан, мардуми сулҳ дӯсту фарҳангпарвар новобаста аз он ки мушкилот аз ҷойгирии наздисарҳадӣ доранд, аммо рӯҳияи шикастнопарзири ворухиён буд, ки рӯ ба ободкориву созандагӣ ниҳода, дар рушду нумӯи зодгоҳашон саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд.
Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд