АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ

Нишасти матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода оид ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми соли 2021 бо иштироки роҳбарони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ва журналистони воситаҳои ахбори умум баргузор гардид.

Раиси шаҳр иброз намуд, ки кишвари соҳибистиқлоламон дар марҳалаи таърихӣ ва давраи рушд қарор дошта, мардуми сарбаланди он 30 - солагии Истиқлоли давлатии мамлакатро бо дастовардҳои шоистаю арзанда ҷашн гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли гузашта рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин гардида, қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 105 фоиз ва дарин марҳала, даромади умумии буҷети шаҳр ба андозаи 102,3 фоиз таъмин гардид.

Дар самти саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ дар шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Дар натиҷаи фаъолияти пурраи корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 1508,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраисолигузашта 9,6 миллион сомонӣзиёд аст. Теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёнаи шаҳр ба 174 адад расидааст. Дар шаҳр 135 намуд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 22 намуд зиёд буда, аз онҳо истеҳсоли 92 намуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 100 фоиз таъмин шудааст.  

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояҳои дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд. Баҳри таҳкими ин соҳа аз ҳисоби ба истифодадиҳии иқтидорҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ зиёда аз 13,8 миллион сомонӣ сармояҳои дохилию хориҷӣ ҷалб шудааст, ки он барои рақобатпазирии маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.

Дар нишасти матбуотӣ оид ба соҳоти дигар низ маълумот пешниҳод гардид. Рўзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, инчунин чанд пешниҳодоти ҷолибро ироа доштанд. раиси шаҳр изҳор дошт, ки кормандони воситаҳои ахбори омма пуле байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеа мебошанд, ки дар инъикоси дастовардҳои имрўз ва ҳалли масоили иҷтимоӣ саҳми арзанда мегузоранд ва онҳоро барои ҳамкории доимӣ даъват намуд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh