БУНЁДИ КОРГОҲҲОИ НАВИ САНОАТӢ ДАР СОЛИ СИПАРӢ
- Details
- Published on Wednesday, 16 February 2022 10:27
Соҳаи саноат яке аз ҷузъҳои таркибии иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, дар он потенсиали калони истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хўрокворӣ ва коркарди кишоварзӣ мавҷуд мебошад. Мақсади асосии рушди соҳаи саноат ин ташаккул ва баланд бардоштани рақобатрпазирии маҳсулот ва сатҳи технологии истеҳсолот, бо истифодаи технологияи пешқадам таъмин намудани истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгў ва васеъ намудани номгўи маҳсулоти истеҳсолшаванда барои бозори беруна мебошад.
Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят дар соли 2021 - ум 122 корхонаи нав бо 3056 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд. Дар соли сипарӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 20 миллиарду 940,4 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 428,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Саноатчиёни ноҳияи Спитамен дар соли 2021 – ум баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар чораҳои амиқро роҳандозӣ карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ноҳия коргоҳҳои хурду бузург таъсис ёфта, ҳамарўза ба бозори дохилӣ маҳсулоти босифатро дастрас мекунанд. Давоми соли сипарӣ рушди соҳаи саноат нисбат ба нақшаи тасдиқгардида барзиёд таъмин шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 100,7 фоиз баробар шуд.
Дар ин замина баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 – ум корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии “Шири Спитамен”, корхонаи истеҳсолии матои патдор дар ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» ва сехи иловагии истеҳсоли қубурҳои пластикӣ аз ҷониби ҶДММ “Бахт - 2016” мавриди истифода қарор гирифт. Аз 27 намуди маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда соли сипарӣ истеҳсоли 20 номгўй афзуд. Дар соҳаи мазкур 27 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 22 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Бино ба иттилои муовини аввали раиси ноҳия Муҳаммадназар Ҷовид, дар ин давра 5 коргоҳ фаъолият накард, аз ҷумла ҶДММ “Новопласт”, ки бо истеҳсол ва фурўши дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикӣ машғул буд. Коргоҳи мазкур ҳанўз соли 2010 ба истифода дода шуда, 11 нафар корманд бо ҷойи корӣ таъмин буданд. Сабаби асосии аз фаъолият бозмондани коргоҳ қабул нагардидани фармоиш, ба фурўш нарафтани маҳсулоти тайёршуда, ҳамчунин қарздор будани коргоҳ аз ташкилоту корхона, фирмаҳои соҳавӣ ва мутобиқ набудани даромад бо хароҷоти истеҳсолӣ мебошад. Баробари ин коргоҳи истеҳсоли регу шағал - ҶСП “Карери Нов” аз фаъолият бозмонд.
Бино ба иттилои масъулин, баробари аз фаъолият бозмондани панҷ коргоҳи саноатӣ дар ин замина панҷ коргоҳи нав ба фаъолият шурўъ карданд, аз ҷумла ҶДММ “Бахт - 2018” бо истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ машғул буда, айни замон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ таҷҳизот ворид карда, корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Алҳол коргоҳи мазкур пурра фаъолият карда истодааст. Корхонаи ҶДММ “Мадинаи Илёс” бо истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ машғул буда, дар он 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ҳастанд.
Маблағи умумии сармоявии ҶДММ “Шири Спитамен” 7,5 миллион сомониро ташкил дода, аз он 3,5 миллион сомонӣ маблағи умумии сохтмон ва 4 миллион сомониаш баҳри харидории таҷҳизоти воридшаванда мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла истеҳсоли як тонна шири хушк дар як шабонарўз аст. Дар корхонаи саноатии бонуфузи ҶДММ “Органик Ян” сехи алоҳидаи матоъбофӣ таъсис дода, алҳол ба он 28 дастгоҳи техникӣ ворид шудааст. Сехи иловагии мазкур дар се баст фаъолият карда, дар он 45 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Баробари коргоҳҳои таъсисёфта дар ноҳия сехи истеҳсоли равғани растанӣ бо иқтидори 3,5 тонна коркарди ашёи хом дар як шабонарўз ба фаъолият шурўъ кард, ки маблағи умумии сармоявӣ 170245 сомониро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои масъулини ноҳия, дар корхонаҳои саноатӣ 1021 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, дар соли сипарӣ беш аз 150 нафар дар натиҷаи таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд. Дар ин замина роҳбарияти ноҳия иттилоъ дод, ки дар панҷсолаи рушди соҳаи саноат нақша доранд, ки зиёда аз 20 коргоҳи саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор хоҳанд дод.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”