КЎШИШИ ҲАМАҶОНИБА БАҲРИ ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТ

- Соли 2021 барои кормандони Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд фаромӯшношуданӣ буд. Дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни бузурги умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нав дар вилояти Суғд бунёд гардида, 12-уми июн дар арафаи ҷашн бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Минбаъд кӯшиши ҳамаҷонибаи кормандони марказ баҳри хизматрасонии босифат равона хоҳад гашт.

Дигар аз натиҷаҳои назарраси марказ дар соли 2021 ин дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардидани даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳои саноатӣ барои аҳолӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ ва хизматрасонии савдои чакана баргузор гардид. Хушбахтона, 32 корхонаву муассисае, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд, сазовори диплом ва ҷоизаҳо гардиданд, - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд Ғайбулло Муҳиддинов.

Қайд гардид, ки агар давоми соли 2021 аз тарафи шуъбаи нозироти савдои маркази “Тоҷикстандарт” 1381 санҷишу назорати давлатӣ гузаронида, оид ба ислоҳи камбудӣ ва манъи фурӯш амрияҳо дода шуда бошад, бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок мутахассисони шуъбаи нозироти савдои марказ номгӯи гуногуни маҳсулоти пастсифат ва хатарнокро ошкор намуда, якчанд номгӯи онҳо дар асоси тартиби муқаррарнамудаи қонун бо иштироки комиссия несту нобуд ва қисман барои баррасӣ ва чорандешӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ирсол намуданд.

Дар озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзии марказ ба миқдори 10613 намуна маҳсулоти хӯрокворӣ, орди гандум, равғани растанӣ, маҳсулоти макаронӣ ва қаннодӣ, маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, чой, қаҳва, тухми озуқавии мурғ, консерваҳо, нӯшокиҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, меваи хушк, ғалладонагиҳо ва дигар номгӯи маҳсулот аз ташхис гузаронида шудааст.

Ҳамчунин, мутахассисони шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченак бо мақсади таъмини назорати давлатии воситаҳои ченак дар 220 корхонаи шакли моликияташон гуногун ва соҳибкорони инфиродӣ ба миқдори 439902 воситаи ченакро аз назорати давлатӣ гузарониданд, ки дар натиҷа 8 воситаи ченаки муҳлати санҷишаш гузашта, 43 воситаи ченаки дар консерватсиябуда ва 13 воситаи ченаки корношоям ошкор шуд. Мутахассисони шуъбаи санҷиш ва андозагирии марказ давоми соли 2021 ба миқдори 49965 воситаи ченакро аз санҷиши давлатӣ гузаронида, тамға гузоштанд.

Дар озмоишгоҳи нафтии марказ бошад, 504 намунаи маҳсулоти нафтӣ аз ташхис гузаронида шуда, 21 намунаи он ғайристандартӣ дониста шуд. Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо суолҳои марбут ба соҳа муроҷиат намуда, аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh