Ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ

5 декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳониро бо роҳбарии хонум Кордулой Растоҷӣ ба ҳузур пазируфт. Зимни сўҳбат Кордулой Растоҷӣ Абдураҳмон Қодириро ба муносибати иҷрокунандаи вазифаи раиси яке аз калонтарин вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, ҳадафи ташрифи худро ба вилоят мушаххас кардани консепсияи лоиҳаи пешбинишавандаи «Рушди иртибототи роҳӣ дар Осиёи Марказӣ» унвон кард.

Ҳини мулоқот ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ҳадафҳои асосии лоиҳа, рукнҳои он ва намудҳои фаъолиятро дар доираи лоиҳаи пешбинишаванда, аз ҷумла дар қаламрави вилояти Суғд иброз намуданд.

Ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар ин замина изҳори омодагӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни корҳои ибтидоӣ механизми маблағгузорӣ, ҳаҷми кор ва таъсири ин лоиҳа ба рушди иқтисодиёти маҳал баррасӣ карда мешавад.

Дар охир Абдураҳмон Қодирӣ изҳор намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои ҳамкориҳои минбаъда бо Бонки ҷаҳонӣ омода аст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh