Ба рушди саноати сабук - эътибори бештар

Нимаи дуввуми рўзи 4-уми декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф овард ва боздиди кории ў аз бозори тозабунёди «Ашроф» оғоз ёфт. Тавре иттилоъ дода шуд, бозори мазкур дар масоҳати беш аз 7 гектар бунёд гардида, дорои 4200 дўкони фурўш мебошад.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ истгоҳи нақлиёт, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ таъсис дода шудаанд. Мушкилоти асосии бозор ин ташрифи шумораи ками харидорон мебошад. Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарияти бозор дастур дод, ки барои ҷалби сокинон аз маркази ноҳия то бозори «Ашроф» равуои микроавтобусҳои ройгон ба роҳ монда шавад ва илова бар ин давоми шаш моҳ фурўшандагон аз пардохти иҷорапулӣ озод карда шаванд.

Дар идомаи сафари кории худ Абдураҳмон Қодирӣ бо ҷараёни сохтмони корхонаи нави истеҳсоли орд шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар арафаи иди Наврўз мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Корхона баробари фаъол шудан имкони коркарди 120 тонна ғалларо дар як шабонарўз доро гашта, наздик 70 нафар сокинони маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин месозад.

Сипас дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки Абдураҳмон Қодирӣ мулоқот баргузор гардид. Зимни мулоқот вазъи кунунии хоҷагии халқи ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуд. Абдураҳмон Қодирӣ аз мавҷудияти бақияи қарзи андоз ва нишондиҳандаҳои сусти соҳаи саноат изҳори нигаронӣ намуд. Супориш дода шуд, ки мушкилоти мавҷуда дар фурсатҳои кўтоҳтарин ҳал карда шаванд.

Ҳамчунин дар мулоқот зикр гардид, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз ноҳияҳои пахтакори вилоят буда, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ба хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ табдил додани онҳо боиси пешрафти кор хоҳад буд.

Дар мулоқот, инчунин аз ҷониби Абдураҳмон Қодирӣ барои сари вақт анҷом додани шудгори тирамоҳӣ ва интихоби тухмии беҳтар, таъмини рушди саноати сабук ва ба роҳ мондани коргоҳҳои қолинбофӣ, таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва худкушӣ, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбия дар мактабҳо, татбиқи ҳукумати электронӣ ва ғайра ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Ҳамзамон тавсия дода шуд, ки бинои маъмурии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Абдуғафур Самадов, ки қисми зиёди он солҳои тўлонӣ бекор хобидааст, таъмир гардида, раёсатҳои фарҳанг ва маорифи ноҳия дар он ҷойгир карда шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh