Бунёди корхонаи истеҳсоли асфалт

Рўзи шанбе, 7 - уми декабр иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов сафари корӣ анҷом дод. Зимни ин сафар Абдураҳмон Қодирӣ нахуст ба мавзеи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо лоиҳаи бунёди корхонаи нави истеҳсоли асфалт ва сехи коркарди шағал шинос гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, мувофиқи лоиҳаи пешбинишуда, ин ду коргоҳ дар масоҳати 10 гектар бунёд ёфта, иқтидори солонаи он ба истеҳсоли 7000 тонна асфалт ва ҳамин миқдор шағал баробар хоҳад буд. Маҳсулоти хоми корхонаҳо асосан аз мавзеи Рухак гирифта мешавад, ки бино ба андешаи мутахассисон, захираи он то ба 50 сол мерасад.

Корхона аз 5 қитъа, макони техникаи роҳсозӣ, коргоҳҳои асфалтбарорӣ ва истихроҷу коркарди қуму шағал иборат мебошад. Ба иттилои муассисони корхона, техника ва таҷҳизоти зарурии корхонаи мазкур аз давлатҳои Корея ва Олмон харидорӣ ва васл карда хоҳанд шуд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Таҷ Роуд” бунёд гардида, марҳилаи аввали сохтмон дар арафаи ҷашни Наврўз ва навбати дуюми сохтмон моҳи сентябри соли оянда ба итмом хоҳад расид. Маврид ба зикр аст, ки баробари пурра ба фаъолият шурўъ намудани корхона имкони бо ҷои кор таъмин намудани беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ пайдо мегардад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят А. Қодирӣ зимни шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли асфалт дастур дод, ки сохтмони он бояд дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналхалқӣ анҷом дода шуда, ҷалби ҳарчи бештари сокинон бо кор ба роҳ монда шавад. Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон зикр намуд, ки соли 2014 дар вилоят Соли роҳҳои обод эълон шудааст. Бинобар он, бунёди корхонаи асфалтбарорӣ ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва таъмиру навсозии роҳҳо дар вилоят ҳаматарафа мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи сафари кории худ роҳбари вилоят боғу токзори шафати шоҳроҳи Бобоҷон Ғафуров – Ҷаббор Расуловро мавриди таваҷҷўҳ қарор дод. Тавре аён гардид, 24 гектар боғу токзори ин мавзеъ ба ҶСШК “Паррандапарвар” ва 138 гектар боғу токзор ба хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутаалиқ аст, ки мутаассифона, дар ҳолати ногувор қарор дорад. Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарияти мақомоти маҳаллии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супориш дод, ки бо истифода аз тарзи обёрии муосир бунёди боғҳоро ба роҳ монанд.

Абдураҳмон Қодирӣ шинонидани ниҳолҳои зардолу, шафтолу, бодом ва бунёди токро дар ин мавзеъ мувофиқи матлаб арзёбӣ намуд. Дастур дода шуд, ки супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бояд то санаи 1-уми марти соли оянда ба сомон расонида шавад.

Худи ҳамон рўз Абдураҳмон Қодирӣ дар бунёди боғи нави бригадаи иҷоравии рақами 19 – уми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи С. Ўрунхўҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок кард. Дар ин мавзеъ дар майдони 5 гектар боғи нав аз дарахтони мевадиҳандаи зардолу ва шафтолу бунёд гардид. Бригадаи иҷоравии рақами 19 дорои 35 гектар замин мебошад, ки аз он 20 гектарашро боғ ташкил медиҳад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ҳини сўҳбат бо кишоварзону саҳмдорон аз сатҳи зиндагонии онҳо, пардохти саривақтии музди меҳнат пурсон гашта, онҳоро ба меҳнати софдилона, вусъати корҳои ободониву созандагӣ, тарбияи фарзандон ва риояи ҳатмии қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳидоят намуд.

Сипас дар назди Қасри Арбоб сарвари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо лоиҳаи “Наврўзгоҳ” - и вилоятӣ шинос гардид, ки он дорои 7 ҳазор ҷои нишаст буда, тибқи лоиҳа, инчунин майдони бозиҳои кўдакона бо 33 аттраксион, макони сайругашти оммавӣ барои шаҳрвандон, растаҳои ҳунарӣ, меҳмонхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh